Зафар Мирзоён, мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Бадахшон- бахши ногусастании Меҳани мо.

        Ҳар як сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба шаҳрҳову ноҳияҳои кишвар дархӯри маъниҳои баланде мебошанд, ки мебояд онҳоро на танҳо бошандагони ноҳияи ташрифовардаашон биомӯзанд ва барои беҳсозии ҷомеа дар пайи бартараф кардани  норасоиҳову камбудиҳо бошанд, балки ҳар шахси посдори нону намаки сарзамини аждодӣ, гуфтаҳову фармудаҳои Пешвои миллатро, бо шароити деҳу ноҳияи худ варандоз карда, онро раҳнамои роҳи зиндагии худ бидонад.

         Ҳамон гуна ки дар шаҳри Кӯлоб ба чашм мерасад, мардуми оддӣ аз дастовардҳои саноатчиёну соҳибкорони вилояти Суғд ба ваҷд омада, дар суҳбатҳояшон ба онҳо офарин мехонанд.

       Чанде пеш Сарвари давлатамон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафари корӣ доштанд. Одамони андешаи солим дошта аз тамошои барномаҳои телевизионӣ, бахшида ба сафари кории Пешвои миллат хушнуд шуданд, ки дар зарфи чанд соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилоят даҳҳо корхонаҳои хурди ҳунармандӣ, аз ҷумла сехҳои хонагӣ бо грантҳои ҷудонамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гаштааст. Дигар акнун сокинони шаҳри Хоруғ аз нарасидани оби нӯшокӣ ҳаргиз душворӣ нахоҳанд кашид. Ҳукумат бо харҷи миллионҳо сомонӣ ин душвориро аз байн бардошт. Чуноне аз иттилооти расмӣ равшан аст, барои таълиму тарбияи наврасони вилоят, танҳо дар 20 соли охир беш аз 255 бинои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ сохта ва азнавсозӣ гардидаанд. Дар замони истиқлолияти давлатӣ аз роҳи бурсияҳои таҳсилии давлатҳои хориҷӣ, вазорату идораҳо ва созмонҳои байналмилалӣ беш аз 5 ҳазор нафар ҷавонони вилоят барои таҳсил ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар фиристода шудаанд. Ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат дар асоси квотаи президентӣ барои ҷавонони вилоят ҳар сол 200 ҷой муқаррар гардидааст. .Даҳҳо бунгоҳҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ бунёд гардидаанд. Дар вилояте, ки замони Шӯравӣ «Боми Ҷаҳонаш» хонда буданд, аз сабаби набудани роҳҳо ва қатъ гардидани убуру мурур бо марказу деҳот, хӯрока ва ашёи зарурияти аввалияи аҳолӣ дар фаслҳои тобистону тирамоҳ бо автомашина кашонида мешуд. Деҳотиён барои зимистонгузаронӣ ҳатто гӯгирду собун захира мекарданд. Ҳоло бошад, Бадахшон аз он бунбастҳои таҳқиромез раҳо ёфтааст. Дигар имрӯз бародарону хоҳарони бадахшонии мо метавонанд бо автомашинаи роҳат субҳ аз маркази вилоят ҳаракат карда, шом ба пойтахти кишвар бирасанд. Ва монанди ин садҳо намунаҳоро аз пешравиҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ва илму фарҳанги ин гӯшаи зебои кишвар метавон ёдовар шуд.

          Таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ба имрӯзу фардои Бадахшон хоссаву дурандешона аст ва бо меҳри бепоён ин вилоятро ҳамчун яке аз шоҳрагҳои давлатамон, «Дарвозаи тиллоии Ватан» номида, асри21 – ро «Асри  Бадахшон» унвон кардаанд. Ин суханҳо дархӯри ниятҳои поку сарнавиштсози Пешвои миллат мебошанд, ки шахси нуктасанҷро бо хаёли солим ба ояндаи дурахшону шукуфони Меҳан хоҳад бурд. Зеҳни хушбин Бадахшонро ба сони нигини Аврупо – Шветсария мебинад. Чун бунёди роҳҳои автомобилгард ба поён расиданд, он замон дур нест, ки роҳи оҳан то Хоруғ ва Мурғобу Кулма бирасад. Имрӯз Бадахшон аз Ҳукумат кӯмакхарҷ (дотатсия) мегирад, аммо замоне хоҳад расид, ки аз роҳи татбиқи Барномаҳои дурандешонаи Сарвари Давлат, бо бурун баровардани сарватҳои дар қаъри кӯҳҳои Бадахшон нуҳуфта, иқтидори иқтисодии давлатамонро садчанд хоҳад кард. Маҳз барои ҳамин мебояд роҳи оҳан бунёд кард. Аммо барои расидан ба ин ҳадафҳои ояндасоз ҳар яки моро мебояд дар дил ҷавҳари хештаншиносии миллӣ ва ватандӯстиро парварида, арзиши олии ваҳдати миллиро дарк намуд ва барои устувориву пойдории он самимона талош намуда, ба хурдтарин кӯшиши бадгуҳарони дохиливу хориҷии ҷудоиандоз, зарбаи қатъӣ зад. Чуноне мегӯянд, фӯки бадгӯёну бадсиголонро бояд шикаст.

         Инҷонибро, ки меҳри Ватан болотар аз тамоми эҳсосоти дигари инсонӣ аст, дар хонаи поки мардуми ориёинажод ниҳон кардани аслиҳаи ҷангӣ ва бо чашми бадбин нигаристан ба ҷунбиши миллатсозиву давлатсозии мо ниҳоят ошуфта сохта, кирдорҳои гурӯҳҳои ҷиноиро бо саркардагии кадом як Мунаввар, Толиб, Боқир, Хурсанд, Зоҳир ва дигарон, хиёнат ба давлату миллат медонам. Гумон мекунам агар касе даст ба шикасти осудагиву оромии мардум бибарад, мебояд дасти ӯро шикаст. Ба огаҳон ошкор аст, ки ин гурӯҳакҳои хиёнатпеша ҳамааш шуда, тарёкфурӯшони чиркин мебошанд. Дар пушти онҳо тарёкфурӯшони толибонӣ қарор доранд ва дар болои сари ҳамаи онҳо хонҳои ҳероинфурӯш истодаанд, ки дар Аврупову Амрикову Русия ҷойгоҳ доранд. Ин Мунаввару Толибакҳои тоҷикистонӣ огоҳ нестанд, ки чун як лӯхтаки сари дасти бозигарони саҳна мебошанд ва фарҷомашон зиндонӣ гаштану ҷони ҷавонӣ аз даст додан аст. Барномарезону коргардонони толибонӣ, (бо забони русӣ онҳоро «наркобарон» хондаанд) савори автомобилҳои «Лимузин», ба тан либосҳои «Смокинг», гулӯ бо гарданбанди «бабочка» баста, дар тарабхонаҳои Аврупо  тарҳи ошӯбу нооромиҳои кишварҳои Афғонистону Осиёи Марказиро мекашанд, зеро роҳи интиқоли хашхошу ҳероин (наркотрафик) аз ин кишварҳо убур мекунад. Ҳамин аст, ки кӯҳистониёни соддаро фирефтаи нақшаҳои худ сохта, ба раҳгумиҳову ватанфурӯшӣ тела медиҳанд. Паёмади гумроҳии ҷавонони гирифтори доми фиреби бадгуҳарони хориҷӣ, онҳро ба бенасибӣ «аз хонаву дари ҳалол», фарзандони солеҳ, нокомӣ аз меҳри модару зану фарзанд ва аз ҳама беш содир кардани хиёнати нобахшиданӣ – хиёнат ба Ватан мекашад.

         Ҳамватанони бадахшонии мо набояд ҳаргиз аз ёд бибаранд, ки зодгоҳи онҳоро на танҳо хонҳои ҳероинфурӯш ҳадафи корсозии худ қарор додаанд, балки геополитикҳои кишварҳои ҷаҳонхор дар дил орзӯ мепарваранд, ки аз самти Бадахшон мамлакати моро ба Афғонистон табдил диҳанд. Ин гумон дархӯри маъниест, ки худо накунад мо каме ҳам ҳушёриро аз даст бидиҳем, пеш аз ҳама «Нигини Тоҷикистон» – Бадахшонро метавонанд хираву тира созанд.

         Ҳоло ки бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи кории Ҳукумат бо сарварии раиси Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ Саймӯмин Ятимов ва шахсиятҳои масъули вазорати корҳои дохила ва прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсис ёфтааст, бо кӯшишҳои пайгиронаи онҳо аз аҳолӣ 186 мил силоҳҳои оташфишон гирифта шудааст ва чуноне арзёбӣ гардид ин шумора на беш аз 10 – 15 дарсади захираи ниҳонии силоҳи дар дасти саркардагони гурӯҳҳои ҷиноиро ташкил мекунад. Албатта нерӯҳои амниятии мо тавоноии пурра доранд, ки дар як замони кутоҳ гурӯҳҳои ҷинояткорро саркӯбу безарар гардонанд, аммо аз ин ки бо истифодаи нерӯи низомӣ ночор ба мардуми бегуноҳ осеб мерасад, то ҳадди имкон аз амалиёти низомӣ худдорӣ менамоянд. Вале чун кор аз ҳадд гузашт, роҳи дигаре нест, то ҳар нохалаф ба амнияти кишвар халал наоварад. Дар ин росто роҳи оқилонаву натиҷабахш дахолати ҳар як бошандаи вилоят дар ҷустуҷӯ ва баргардондани силоҳҳои марговар мебошад. Ҳангоме ки марду зан, пиру барно ҳамёру ҳамкори нерӯҳои амниятӣ мешаванд, мамлакат аз ҳилаҳову дасисаҳои бадбинони озодиву ободии Тоҷикистони азизамон раҳо хоҳанд монд.

         Пеш аз ба поён расонидани гуфторамон ин нуктаро низ мехоҳам ёдовар шавам, ки сияҳкорони ҷудоиандоз солҳост барои дигаргунаву бегона намоён сохтани ҳувияти миллии тоҷикон, аз эҳсоси парастиши зодбуми тоҷикони кӯҳнишину шаҳрнишин кор гирифта, бадахшониёнро ба авлодони юнониён, ё боқимондаҳои лашкариёни Искандари Макдунӣ пайвастанӣ мешаванд, ки ба чунин иддао танҳо шахси нахондаву гумроҳ метавонад бовар кунад. Мутаассифона ҳастанд касони андакхондае, ки бо ишора ба гуфтори шуғнӣ ва рӯшониву ишкошимии бадахшониҳо ба чунин афсонаҳои бепоя бовар мекунанд. Бояд ба онҳо дуруст фаҳмонд, ки гурӯҳи забонҳои помирӣ ҳамрешаи забони тоҷикӣ – форсӣ буда, аз таъсиру омезиши сахт бо забонҳои арабиву туркӣ эмин мондаанд ва ин забонҳо чун таърихномаи саргузашти гурӯҳи забонҳои форсӣ арзиши ҳамешагӣ доранд ва давлат дар нигаҳдошту солимии онҳо кафил аст. Ҷойноми (топоними) Бадахшон, чӣ дар марзҳои ҷуғрофиёии Тоҷикистон ва чӣ дар марзҳои Афғонистон бар он маънӣ нест, ки зистгоҳи танҳо гӯишгарони забонҳои помирӣ мебошад. Ҳамон гуна ки дар Бадахшони Тоҷикистон дар баробари гӯишгарони шеваи гуфторҳои шуғнӣ, рӯшонӣ, ишкошимӣ, тоҷикгӯёни дарвозӣ, ванҷӣ, язгуломӣ, будубош доштанду доранд, дар Бадахшони Афғонистон бештар аз шуғнигӯён, тоҷикони Рузвай, Фархор, Кешм, Баҳорак, Файзобод ва дигар навоҳиву деҳоти даризабонон садсолаҳо зиндагӣ доштанду доранд.

       Чун ба китобҳои куҳна менигарем, дармеёбем, ки замоне Бадахшон ҷузви билоди Хатлон будааст ва гаҳе Хатлонро ҷузви Бадахшон донистаанд. Дар фарҳангномаи «Бурҳони қотеъ» чунин омадааст: Хатлон – номи вилоятест аз музофоти Бадахшон, ки ба Кӯлоб иштиҳор дорад. Гӯянд мардуми он ҷо хушсурат мебошанд ва аспи хуб низ аз он ҷо оваранд.

       Бадахшон – бар вазни намакдон; вилоятест мобайни Ҳиндустон ва Хуросон. Гӯянд маъдани лаъл ва тилло дар он ҷо ҳаст.

     Дар фарҳангномаи«Ғиёс – ул – луғот» мехонем: Хатлӣ – аспе, ки аз Хатл оваранд ва Хатл вилоятест аз Бадахшон ва онро Хатлон низ гӯянд.

      Мо дар ин ҷо ба таври гузаро пиромуни ҷойгоҳи Бадахшон дар ягонагӣ ва истиқлолияти бебаргашти Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтугӯ карда, дар зимн ба ҳамватанони бадахшӣ барои саҳми шахсӣ гузоштани ҳар фарди баномус дар амри ситондани силоҳҳои ҷангӣ аз дасти худбехабарон, ишораҳо намудем. Бо боварии пурра метавон изҳор дошт, ки мардуми хирадгарои Бадахшон дар пайи нигаҳдошти оромиву осудагии мардум, ба зудӣ бо дасти худ аслиҳаҳоро гирд оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ месупоранд ва оромиву осудагии мардумро чун гавки чашм нигаҳ медоранд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code