Сохтмони хонаи баландошёна

       Сохтмони бинои  9-ошёнаи истиқоматӣ дар ҷойи собиқ мағозаи «Баҳор»-и шаҳри Кӯлоб  аз тарафи  соҳибкор Акрамов Алишер Асламович  бо суръати тоза идома дорад. Сохтмони иншооти мазкур бо қарори раиси шаҳри Кӯлоб аз 19 декабри соли  2016, № 923 оғоз ёфта , бо талошу кушиши соҳибкор сохта шуда истодааст.

      Дар таҳхонаи ин иншооти муҳташам, ки бо лоиҳаи омехтаи тарҳи миллидошта ва аврупоӣ сохта мешавад, таваққуфгоҳ барои 30-мошин , дар ошёнаи якум мағоза ва дар ошёнаҳои минбаъда 80 хонаи якҳуҷрадор ва 40 хонаи дуҳуҷрадор сохта мешавад.   Айни ҳол дар иншооти мазкур  корҳои зеризаминӣ   рафта истодааст.     

                                                                                             Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code