Садои «Андалеб»-и Кӯлоб

 

 

 

 

 

 

 

Шунидани садои  хушу рӯхнавози  андалеб дар фасли тирамоҳи зарнисор низ аҷиб нест, зеро дирӯз санаи 23 октябри соли 2018  дар қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб  фестивал –озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб-2018 » бахшида ба «Соли   рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» доир гардид.

Ҳайати ҳакамони озмун,   ки аз мутахасисони варзидаи соҳаи фарҳанг иборат буданд, нахуст аз шарти аввали озмун «Намоиши ҳунарҳои мардумӣ»  дидан намуданд. Хушбахтона имсол ҳунармандони Кӯлобӣ бахшида ба «Соли   рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ҳунарҳои хешро такмилу ривоҷ бахшиданд. Ҳакамонро   ҳунари  заргарии Давлатшо Ҳакимов, ки гушвораҳои зираву қафасӣ ва ҳалқаву дастпона ва гарданданбандҳои нуқрагин, чодари гулдузии ҳунарманди чакандӯз Бахтинисо Сафарова, ки паҳноияш 3 ва дарозиаш 6 метрро дар бар мегирифт, кокулу болишт, ороишоти занона, бахусус  матоъҳои гулбаст ва сумкачаҳои бо чакан ороишдодошудаи  намояндаи Ширкати «Чакан» Валиева Басбӣ ва маҳсули ҳунари ҳунарманд Таманно Маҳмадуллоева  ки ҳамагӣ  мунаққашу зебо ва дилрабо буданд  ба ваҷд оварда   ҳакамон бо як овоз ба ин шарти озмун баҳои сазовор , яъне 10 хол  гузоштанд.

Хори умумии «Пайки фаррухфол» ки муаллифи оҳанг ва дирежёри он Раҳмони Раҳим буду  аз тарафи донишҷуёни коллеҷи   санъат иҷро гардид, хеле хуб иҷро гардида,  сазовори 10 хол гардид.

Навозиши умумии ҳунармандони Кӯлобӣ, ки дар он аксари  асбобҳои мусиқии  дар манотиқи Кӯлоб истифодашаванда  ширкат намуданд,   сазовори 10 хол гардид.

Як  шарти озмуни «Андалеб» ин  дарёфти чаҳраҳои нав буда, ба василаи  ин озмун ҳунармандони нав  дарёфт карда мешаванд. Раъно Сулаймонова, ҳунарманди ҷавони Кӯлобӣ   низ тавонист дар озмуни суруди якка  аз худ ҳунару маҳорати  бемисл нишон дода, сазовори 10 хол гардад.

Бадеҳа жанри шуху зебои миллии тоҷикон ба ҳисоб меравад. Манижа Назарова ва Изатулло Муродов дар ҳамовозии ҳунармандони ҷавон бадеҳаи классикии   «Кабки хушрафтор»-ро шуху ҷолиб ва хеле рӯҳнавоз иҷро намуда соҳиби 10 хол шуданд. Сафархон Латипов низ дар шарти навозиши якка сазовори 10 хол гардид.

Намоиши сару либос, ки аз ҷониби донишҷудухтарони Донишкадаи технолология ва менеҷменти инноватсионӣ намоиш дода шуд, соҳиби 9,5 хол ва рақси яккаи Саодат Назриева, ки аз шогирдони беҳтарини Садбарг Қосимова маҳсуб меёбад,   сазовори 10 хол гардид.

Саҳнаи ҳаҷвии ҳунармандони хонаи  фарҳанги  ҷамоати деҳоти Кӯлоб,  мушоира, рақси халқҳои бародарӣ низ  ҳамагӣ     10 холӣ гирифтанд.

Иҷрои фалаки кӯҳистонӣ дар иҷрои Саидҷамол Шоимов бори дигар собит кард, ки Кӯлоб макони аслии жанри фалак  аст. Ин  ҳунарманд низ тавонист бо иҷрои фалак дар дили мухлисони сершумори худ роҳ ёбад.

Анъанаҳои мардумии «Шаҳ омад ба бари тахт»  дар иҷрои Бурҳони Раҳмон сазовори 9,5 хол, сюитаи рақсиву овозии «Базми Кӯлоб» сазовори 9,5хол баҳогузорӣ карда шуданд.

Вазъияти муассисаи фарҳангӣ, ки як шарти дигари озмун ба ҳисоб мерафт аз тарафи ҳакамон ба 5 хол, ки баландтарин хол маҳсуб меёбад, баҳогузорӣ карда шуд, зеро муассисаҳои фарҳангии шаҳру деҳоти Кӯлоб бо дастгирии бевоситаи раиси шаҳри Кӯлоб  Хайрулло Амонулло рӯ ба беҳбудӣ оварда истодаанд. Таъмиру азнавсозии қасрҳои фарҳанг ва китобхонаҳои  ҷамоатҳои Зиракӣ ва Даҳана далели муътамади ин гуфтаҳост.

Баҳои умумии ҳунармандони шаҳри Кӯлоб   ба 153,5  хол баробар гардид,  ки дар ҳозира дар миёни дигар шаҳру ноҳияҳо баҳои баландтарин  мебошад. Ба аҳли ҳунар ва эҷоди шаҳри Кӯлоб барои ноил шудани ҷойи аввал ғолибият ва дасти боло таманно менамоем.

                                                             Сулаймон Султон

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code