Волоияти қонун – омили асосии оромӣ ва рушди ҷомеа

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Точикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15-уми сентябри соли 2018 дар мулоқот бо фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷиҳати таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, дастгир намудани ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарор дошта, мусодираи силоҳу аслиҳа, лавозимотҳои ҷангии  ғайриқонунӣ, ошкор ва пешгирӣ кардани ҷиноятҳои марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир супоришҳои қатъӣ дода буданд.

Бо ин мақсад дар вилоят Ситоди байниидоравии мақомотҳои таъмини амният ба кор шуруъ намуда,  ниҳодҳои муътабари қудратӣ (КДАМ, ВКД ва Прокуратураи генералӣ) барои оромии Вилоят кушиш намуда истодаанд.

Вале дар сомонаҳои интернетӣ Мавҷуда Соҳибназарова  барин  рӯзноманигорони беинсоф, ки бо супориши  хоҷагони хориҷиаш ба таври махсус мардуми Бадахшонро ба шӯр овардан мехоҳад.  Ӯ амалҳои ҷиноятиро, ки ҷинояткорон анҷом медиҳанд, беинсофона ба мардуми ВМКБ нисбат дода, фаъолияти сохторҳои қудратиро, ки барои  пешгирӣ ва ошкорсозии ҷиноятҳо нашармида “лашкаркашӣ” меномад.

Мавҷуда Соҳибназарова руйи рост туҳмат мекунад, ки гуё мақомоти марбутаи кишвар мардуми ин вилоятро “криминал” ҳисобида бошанд. Ҳол он ки гап дар бораи гурӯҳҳои  муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ ва сокинони алоҳидаи дигар ноҳияҳои вилоят меравад, ки аз онҳо 186 адад силоҳи оташфишон, аз ҷумла: 72 адад «Автомати Калашников», 3 адад «Пулемёт», 2 адад гранатамёт, 1 адад комплекси зенитӣ, 37 адад «Таппонча», 11 адад «Карабин», 47 адад дигар намуди силоҳ, 36 адад норинҷак, зиёда аз 4 700 адад лавозимоти ҷангӣ ва 900 грамм маводҳои тарканда мусодира карда шудааст.

Мавҷуда Соҳибназарова ба Шумо  муроҷиат карда мехоҳам чанд лаҳзаи давраи ҷанги шаҳрвандиро ба хотиратон биёрам. Шояд инсоф ва виҷдони  Шумо бедор шавад.

Лаҳзаҳои давраи ҷанги таҳмилӣ ва ду се  соли баъдиҷангӣ дар ягон гушаву канори мамлакат қонун амал намекард. Дар ҳеҷ куҷо низоми ягона мавҷуд набуд ва ягон қоида риоя намешуд. Ман  ки сокини шаҳри Кӯлоб ҳастам, аз вазъи онвақтаи Кӯлоб гуфтаниям.   Автомашинаҳои ғуррандаи  сиёҳшиша  дар дили сокинони шаҳру деҳоти минтақаи Кӯлоб тарсу ваҳм эҷод мекарданд. Тоҷирон озодона ба тиҷорат машғул шуда наметавонистанд. Зеро ки ҷинояткорон  ҳар лаҳза метавонистанд ба молу ашёи онҳо дарафтода онро аз худ кунанд.  Ҳатто мевафурушоне, ки дар шоҳроҳ ба фуруши мева машғул мешуданд, аз ҷабри ин тоифаи сархуш  амон надоштанд.

Баъзан дар  бозори маҳаллаи 1-Майи шаҳри Кӯлоб, ки ҳоло аз он фақат ёд боқӣ мондааст, ин тоифа   гоҳхо шердилона ва барои худнамоӣ долларҳои аз ҳисоби маводи мухаддир ба даст овардаи худро сарф месохтанду гоҳи дигар савдогаронро «кидат» мекарданд.

Чи қадар роҳбарон,  соҳибкорону тоҷирон аз дасти ҷиноятпешагон кушта шуданд.

Ёд дорам, ки барои як автомашинаи тамғаи 03 каллаи сокини ҷамоати Зарбдори шаҳри Кӯлоб  акаи Қаландарро бурида ба даруни бочкаи об, ки барои об додани чорво буд, партофта буданд.

Бедодиҳои он давраро қаламдод намудан хеле душвор аст. Духтарон наметавонистанд, ки  аз дасти ин камонбадастон ба мактаб раванд, зеро бо чашми худ медиданд, ки ҳамсифонашонро таҷовуз мекарданд.  Амволи давлатӣ бо роҳи зуроварӣ хусусӣ гардонида мешуд. Куштори раиси хоҷагии Амиршоеви ҷамоати Даҳанаи шаҳри Кӯлоб   Карим Хайрулло барои гирифтани молу амволи хоҷагӣ  як  ҳодисаи хурдтарини он замони мудҳиш  ба шумор мерафт.

Аввалҳои солҳои 2000-ум дар Пойтахти мамлакат ва дигар манотиқи ҷумҳурӣ (ғайр аз ВМКБ) аз ҷумла Кӯлоби ман низ барои безараргардонии ҷинояткоон амалиётҳои махсус гузаронида шуд.Он вақт низ базан гапу калочаҳо пайдо шуда буданд. Лекин вақт нишон дод,ки ахиран халқи оддӣ, аз зулми ҷинояткорон озод шуда, зиндагӣ маҷрои худро гирифт. Ҳоло бошад ҳама ба як овоз ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории самимӣ баён менамоянд,ки моро аз ин балоҳо раҳонид.

Рӯдакии бузургвор ҳанӯз ҳазор сол қабл гуфта буд ва овозхони машҳурамон Соҳиба Давлатшоева  ин суханонро бисёр хуш месарояд.

Гуфто, ки киро куштӣ,  то кушта шудӣ зор,

То боз ки ӯро бикушад он ки туро кушт. 

Ашгушт накун ранҷа ба дар куфтани кас,

То кас накунад ранҷа ба дар куфтанат мушт.

Ҳамсоягии   Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон   бо Афғонистони ҷангзада,  ки қариб 40 сол мешавад, ки оташи ҷанг хомуш намегардад , барои ҷинояткорон имкон фароҳам овардааст, ки   хариду фурӯши аслиҳа ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро ба роҳ монанд ва  авзоъи  вилоятро  ноамн  ва ҷомеаро ба ҳолати тарс расонанд.

Агар камонбадастони ҷиноятпеша ҷоеро обод карда метавонистанд, пас ана ҳамон давлати ҳамсояамон,ки мутаасифона зери таъсири онҳо қарор дорад, орому обод мегардид. Дар он ҷо ҳам халқи афғони бародари мо гуноҳе надорад. Айб дар ҳамон гурӯҳхои муташакили ҷинояткоре ҳаст,ки ҳеҷ гоҳ тарафдори тартиботу сулҳу  оромӣ нестанд.

Мардуми ВМКБ аз ҷиҳати босаводӣ ва бофарҳангӣ яке аз ҷойҳои намоёнро дар ҷахон  ишғол менамоянд. Адолатпарварӣ ва ҷавонмардӣ хислати хоси ин абармардони ин диёри азизамон мебошад. Бадахшонро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарвозаи тиллоии Тоҷикистон номгузорӣ кардаанд ва ба рушди ин гушаи ватани азизамон таваҷчуҳи хос доранд.

Ҷорӣ намудани волоияти қонун ва тартибот ин талаботи мардуми ВМКБ ва вазифаи давлат аст. Ифодакунандаи ҳокимият халқ  мебошад ва ана ҳамон халқ аст, ки   аз бедодгариҳои гурӯҳҳои ҷиноятпеша ба дод омадааст. Аз ин лиҳоз касе ки аз-  ин амалиёт «ҳангома» месозад ва ҷудоиандозӣ менамояд, имону инсофу виҷдон надорад.

 Ана акнун баъди кушодани роҳхои нав, нақбҳову пулҳо Тоҷикистони азизи мо ба як давлати воҳид табдил ёфта истодааст.Бояд фаромуш накунем, ки  ҷинояткор маҳал надорад ва барои манфиати худ хотири касеро намебинад.

Мо ҳамагон мебояд дар атрофи сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ шуда барои волоияти қонун ва риояи тартиботи ҷамъиятӣ, рушду ободгардонии Ватани азизамон сайъ намоем, зеро

«Олам ҳама ҷо азиз лекин бар мо,

Модар яктост, Тоҷикистон яктост».

                                                   Сулаймон Султон –сокини шаҳри Кӯлоб

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code