Кумаки соҳибкорон ба соҳаи тандурустӣ

  Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ободкориву  созандагиҳо дар шаҳри Кӯлоб вусъати тоза касб менамояд.

  Дар маҳаллаи Борбади шаҳри Кӯлоб зерстансияи Маркази ёрии таъҷилӣ амал мекард, ки қаблан дар вагон ҷойгир буд.

  Рохбарияти  Маркази ёрии таъҷилӣ тасмим гирифтаанд, ки ба тариқи ҳашар ва кумаки соҳибкорон  барои фаъолияти минбаъдаи зерстансия бинои наву замонавӣ  сохта ба истифода диҳанд. Бино бар иттилои  Шамсиддинов Сироҷиддин- ҳамоҳангсози соҳаи тандурустӣ   ин бино то соли 2019 ба истифода дода мешавад.

                                                                                      Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code