Бунёди фермаи паррандапарварӣ дар шаҳри Кӯлоб

 

 

 

 

 

 

 

Таъмини мардум бо маводи ғизоӣ яке аз самтҳои асосии  Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дар ин раванд паррандапарварӣ аз соҳаҳои муфид ва даромаднок маҳсуб меёбад.

Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди  «САМАН» бо роҳбарии  Холмуҳаммад  Одинаев дар ҷамоати деҳоти Кӯлоб аз моҳи марти соли 2018 дар майдони 10 га ба сохтмони фермаи паррандапарварӣ шуруъ намудаанд.

Аллакай сохтмони иншоотҳо дар  се бино  анҷом ёфта, дар бинои  маъмурӣ корҳои  заминӣ  оғоз ёфтааст.  Ба корхои сохтмонӣ 20 нафар сохтмончиён    ҷалб гардидаанд.

Бинои якум дар масоҳати 73 х 13 метр ва ду бино  дар масоҳати 60 х 18 метр барои чуҷанигоҳдорӣ ва дигар бино, ки вазифаи анбори тухмнигоҳдориро  иҷро мекунад дар масоҳати 54 х 12 метр,   сохта шуда аллакай қомат афрохта аст. Ҳамаи  иншоотҳо  ба тариқи болопуши изолятсионӣ  маҳкам карда мешаванд. Ба иттилои роҳбари ферма, ки худ мутахасиси соҳа буда Академияи Скрябинаи Федератсияи Россиро хатм намудааст, чуҷаҳо ба ферма аз Федератсияи Россия  оварда мешаванд.

-Ин зоти чуҷаҳо, мегуяд Холмуҳаммад  Одинаев,  -ранги сафед дошта, дар оянда ҳамчун мурғони тухмдеҳ парвариш меёбанд. Бо оғози кор дар ферма  30 нафар кормандон ва дар оянда 60 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд. Бо ҳисобҳои пешакии масъулин пас аз ба истифодадиҳии ферма 100 ҳазор тухм  ва 50 тонна гушт истеҳсол карда мешавад.

Рӯзҳои наздик таҷҳизотҳо барои фермаи паррандапарварӣ аз ширкати «Кутул сан»-и  кишвари Туртсия ба ҷумҳуриямон  ворид карда мешаванд.

Барои истеҳсоли хӯроки парранда аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  35 га замин ҷудо карда шудааст.

Фермаи паррандапарварӣ аллакай бо барқи озод ва об таъмин шудааст. Дар назди ферма трансформатори тавоноияш 630 квт васл карда шуда, аз чуқурии 96 метр оби тозаи ошомиданӣ,  дар қубури қутраш 100 бароварда  шуда аст.

Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди   «Саман» бо ҶДММ «Ориён Рустам»  шартномаи тарафайн ба имзо расонидаанд.Тибқи шартнома дар корхонаи «Ориён Рустам» забҳи парранда ба роҳ монда мешавад.

Роҳбарияти ширкат ният доранд, ки фермаро дар арафаи Наврӯз ба истифода диҳанд.

                                                                   Сулаймон Султон

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code