Боз як мактаб

 Дар шаҳри Кӯлоб боз як Муассисаи муассисаи таҳсилоти  миёнаи умумии русию тоҷикӣ  сохта мешавад. Муассисаи  мазкур дар базаи Донишгоҳи Давлатии Славянӣ ва дар заминаи  муассисаи таълимии №7 -и шаҳр  бунёд мегардад. Ҳамзамон таъкид мегардад, ки маблағгузории  муассисаро    Федератсияи  Россия  ба души худ гирифтааст.

 Бо қарори раиси шаҳри Кӯлоб  мавзеи сохтмони муассиса ҷудо карда шуда, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр  дар навбати худ муваззаф гардидааст, ки хизматрасониҳои коммуналии  муассисаро ба дӯши худ мегирад. Ёдовар мегардем, ки дар  пойтахти мамлакат  аллакай чунин муассисаи таҳсилоти  миёнаи умумӣ  дар асоси созишномаи  Россия ва Тоҷикистон фаъолият мекунад.

                                                                             Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code