Маҳалли зисти худро обод мекунем

Хурсандибахш аст, ки бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандгӣ вусъати тоза меёбанд.

Имрӯзҳо  дар  маҳаллаи Сангимад Даминзода  сокинони маҳалла ба тариқи ҳашар зиёда аз 220 метр роҳро бо паҳноии 1,5 метр ҷуйбори обгузар   бунёд намуда  истодаанд.  Ҳамзамон сокинон роҳи пиёдагарди маҳалларо ба воситаи шағал сангфарш намуда истодаанд. Аллакай як қисмати роҳи маҳалла сангфарш карда шудааст . Онҳо ният доранд, ки дар оянда ин роҳро асфалтпуш намуда,  купруки маҳалларо низ таъмиру тармим намоянд.

Занон ва пирони рӯзгордида  аз ин амали хайр шоду масрур гардида,  ба  саҳмгузорони ин амали хайр дуои нек дода истодаанд.

                                                               Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code