Курси омўзишии «Духтарони сарвар»

Дар толори Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб бо мақсади иҷрои  қарори раиси вилояти Хатлон  аз 16 майи   соли 2017, №106 « Дар бораи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-апрели 2017, №158 «Оид ба Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон ва духтарони лаёқатманд барои солҳои  2017-2022» қарори раиси шаҳри Кӯлоб аз 9 июни 2017, №572 ва «Нақшаи перспективии ҷавонгардонии кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2016-2020» дар ҳамкорӣ бо Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  курси омӯзишии «Духтарони сарвар» гузаронида шуд.

Мақсад аз баргузор намудани чорабинии мазкур тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои болаёқат, поквиҷдону забондон, масъулиятшиносу  кордон ва ташкилотчӣ аз ҳисоби занон  мебошад.

Ҳамзамон курси мазкур бо мақсади фаъол гардонидани занону ҷавондухтарон ва ҳиссагузории бевоситаи онҳо дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои занон ҳангоми пешниҳод ва таъин намудан ба вазифаҳои роҳбарикунанда, хоста гирифтани кадрҳои болаёқат аз ҳисоби ҷавондухтарон  баргузор карда мешавад.

Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code