Таъсиси ҷойҳои корӣ

Мувофиқи маълумоти роҳбари шуъбаи  шуғли аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Махфират Каримова дар  давраи ҳисоботӣ барои ба кор таъмин намудани шахсони бешуғл чораҳои зарурӣ амалӣ гардида, 662 нафар, аз ҷумла 393 нафар зан  бо ҷойи корӣ аз рӯи ихтисосҳои гуногун таъмин карда шуданд.

Аз ҷумла  280  нафар, аз ин шумора 244 нафар зан аз рӯи 11 намуд ихтиссос ба касбомӯзӣ,   дӯзанда, бофанда,  чакандӯз, қуроқдӯз, омӯзиши компютер, муҳосиб, пешхизмат ва кафшергари барқӣ фаро гирифта шуда,  265 нафар курсҳоро хатм намуда ба корҳои хонагӣ машғул мебошанд. Дар баробари ин 509 нафар ба тариқи худмаблағгузорӣ касбҳои гуногунро аз худ намуда, соҳиби шаҳодатномаи касбӣ гардиданд.

Ҳамзамон 83 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок, аз ҷумла 38 нафар  ба соҳилмустаҳкамкунӣ, 30 нафар ба корҳои ободонӣ ва 15 нафар ба корҳои сохтмонӣ ҷалб гардиданд. Дар баробари ин 36 нафар, аз ин 19 нафар занон бо гирифтани қарзҳои имтиёзнок ва ташкили корҳои фардӣ соҳиби ҷойи кор шуда, ба нигоҳубини чорво, дӯзандагӣ, савдо ва ғайра машғул мебошанд.

Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code