Сохтмони муассисаи таълимӣ дар маҳаллаи 20-ум

   Маҳаллаи 20-ум дар шаҳри Кӯлоб  маҳаллаи навбунёд  маҳсуб ёфта,  ҳамаги 5 сол аст, ки  обод гардидааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  соли 2018  ҷиҳати таъмин намудани инфрасохтори маҳалла дар маҳаллаи мазкур ба воситаи фармоишгар -маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди инфрасохтори  иҷтимоии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва пудратчӣ ҶДММ «Сохтмон-Тиҷорат» бо маблағи умумии 13828 ҳазор  сомонӣ ба сохтмони муассисаи таълимӣ оғоз намуданд.

Барои сохтмони муассиса ба муассисаи мазкур 5675 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, маблағи корҳои иҷрошуда 4181 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.  Айни замон корҳои сохтмонӣ дар ошёнаи якум идома дорад.

                                                      Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code