НАМОИШИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ БО МАҚСАДИ ҶО ДОДАНИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛИИ НИЁГОН ДАР ЗАМИРИ НАСЛИ ҶАВОН

Намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар маҳаллаи Сайдали Вализодаи шаҳри Кӯлоб роҳандозӣ гардид, ки дар ин чорабинӣ муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирузи Саидмӯъмин ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Файзуллоев Алишер иштирок ва суханронӣ намуданд.

 Қайд намуданд, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид, ки аз як ҷониб баҳри сайқал додани ҳунарҳои дастии занону бонувони хонашин ва ҳунармандоне, ки дар хона истеҳсолотро бароҳ мандаанд, мусоидат намояд, аз тарафи дигар ин эҳёи фарҳанг ва тамаддуни бузурги миллати тоҷик ва дар ин замина дар замири насли ҷавон ҷо намудани анъанаҳои миллии ниёгон ба ин васила ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносиву худшиносии миллии онҳоро баланд бардоштан аст.

Чорабинӣ бо роҳандозии намоиши фарҳангӣ ба охир расид.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code