Конститутсия – кафили ояндаи дурахшони ҷомеа

  Рӯзи 17-октябри соли ҷори  ба  пешвози  ҷашни пурифтихори  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар толори хониши Муассисаи давлатии “Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб” мизгирд бо таълимгирандагони “Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб “  дар мавзӯи  “ Конститутсия омили пешрафти давлат” баргузор гардид.

  Зимни баромадҳои хеш ҳозирин муҳаббати бепоёни худро нисбати  Асосгузори сулҳу ваҳдат -Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори бунёду  устувории Ватани азизамон дар роҳи сулҳу  суббот, Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳуриамон изҳор намуда, аз ҷумла қайд намуданд, ки Конститутсия ҳуҷҷати олие мебошад, ки он сохти идоракунии давлатиро дар чаҳорчӯбаи муайяни  қонунҳо тарҳрезӣ намудааст. Ба ибораи дигар, Конститутсия ҳуҷҷати тақдирсоз аст, ки манфиати ҳамаи рукнҳои ҷомеаро дарбар мегирад.

 Бояд гуфт, ки  Конститутсия  барои ҳар як шаҳрванди ин ё он давлати ҷаҳон боиси ифтихору сарбаландист. Бинобар ин  месазад, ки мо, тоҷикон, бо ин ҳуҷҷати таърихии  ифодакунандаи симои Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва роҳнамои мардуми ватанамон аст, ифтихор намоем.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code