Ҷавонон бар зиди ВНМО

 

 

 

 

 

 

 

Имрӯз дар толори Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, намояндаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Самандари  Раҷабалӣ, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии  «Томирис» Раъно Ҷумаева,  намояндагони Маркази ВНМО-и шаҳри Кӯлоб, ШВКД-и шаҳри Кӯлоб, шуъбаи хадамоти муҳоҷират ва меҳнати шаҳри Кӯлоб мизи мудаввар дар мавзӯи «Ҷавонон бар зиди ВНМО» доир шуд. Дар семинар  зиёда аз 60 нафар ҷавонон ширкат варзиданд.

Маърузачиён бахусус қайд намуданд, ки СПИД бемории сироятӣ буда, ба саломатии ҷомеа хатари бузург дорад. Тибқи маълумоти Барномаи СММ оид ба мубориза алайҳи СПИД ҳар рӯз дар ҷаҳон 16 ҳазор нафар аз ВНМО сироят меёбад, ки тақрибан 50 фоизи онро нафарони аз сини 16  то 30-сола ташкил медиҳанд. Аз рӯзи пайдо шудани ин беморӣ дар ҷаҳон қариб 60 млн нафар одамон аз ВНМО сироят ёфтаанд, ки аз  ин шумора 20 млн нафарашон ба ҳалокат расидаанд.

ВНМО  ин зинаи охирини ин беморӣ буда новобаста аз синну сол миллат, мардон, занон ва ҳатто кӯдакон метавонанд гирифтор шаванд.

Дар шаҳри Кӯлоб низ 814 ҳодисаи сироятёбӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз инҳо  566 нафар мардон  ва 248 нафар дар байни занон ба қайд гирифта шудааст, ки ин ҳолат  хеле ташвишовар мебошад.

Ҷавонон ба маърузачиён савол дода ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

                                               Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code