Таҷлили ҷашни «Асои сафед» дар шаҳри Кӯлоб

       Ҳамасола  санаи 15 октябр  ҷашни байналмилалии «Асои сафед», яъне рӯзи нобиноён  дар ҷумҳуриямон таҷлил мегардад. Дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 142 нафар нобиноён ба қайд гирифта шудаанд, ки аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кулоб пайваста дастгирӣ меёбанд. Имрӯз бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  чорабинии идона  дар коргоҳи нобиноёни шаҳри Кӯлоб доир карда шуд. Бахшида ба ин рӯз  аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб зиёфати идона   ороста шуд.

      Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб , мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб   Асоев Манучеҳр нобиноёнро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб табрик гуфт.

        Ҳунармандони бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб    хотири ин қишри ҷомеаро бо  суруду мусиқиҳо  шоду масрур гардониданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code