Сохтмони Донишкадаи нав дар шаҳри Кӯлоб

        Бо азму талош ва кӯшишҳои пайвастаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат , Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  шаҳри Кӯлоб  рӯз аз рӯз ободу зеботар мегардад.  Соли 2016 дар арафаи 25-солагии ҷашни Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти  сафари расмии Пешвои миллат ба шаҳри Кӯлоб  ва мулоқот бо омӯзгорону донишҷуён ва аҳли ҷамоатчигии шаҳру деҳоти Кӯлоб дар саҳни остонаи бинои нави Донишгоҳи Давлатии  Кӯлоб  ваъда доданд,ки  барои Донишкадаи технологии шаҳри Кӯлоб  бинои наву замонавӣ сохта ба истифода дода мешавад. Дар ҳақиқат Пешвои миллат ба қавли худ вафо карданд.

       Имрӯзҳо дар маҳаллаи 15-уми шаҳри Кӯлоб, воқеъ дар шафати муасисаи таълимии Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат  сохтмони Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ  идома дорад. Фармоишгари сохтмони мазкур Дирексияи сохтмонии иншоотҳои Ҳукуматии Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Фаридун» пудроатчии он маҳсуб меёбад. Корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ  аз мохи марти соли 2017 оғоз ёфта маблағи умумии сохтмони мазкур 218 миллион сомониро ташкил медиҳад.Дар соли 2018 барои идомаи сохтмон 5 миллион сомонӣ ҷудо гардида, айни замон корҳои сохтмонӣ дар ошёнаи якум идома ёфта истодааст. Барои корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур дастгоҳи бетоншурӣ бо иқтидори 60м3 дар як соат насб шуда, иншоот бо хати барқ ва об таъмин мебошад. Дар иншоот ду адад мошинҳои  бетоншӯрӣ(микскер),1 мехлопата, 1 крани баландпоя, 1 мошини обкашонӣ омодаи коранд. Дар иншоот 45 нафар сохтмончиёну омодаи кор мебошанд.

                                                                                                                                                Сулаймон Султон

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code