Оилаҳои имкондор мактабро таъмири асосӣ намуданд

Баъди ошноӣ ба корҳои ба анҷом расидаи таъмиру таҷдид, дар муассисаи таҳсилоти умумии рақами 14-и деҳаи Панҷосёби ҷамоати деҳоти Зарбдори ноҳияи Кӯлоб, ки бо симои воқеъан нави худ ҳусни деҳаи мазкурро таровату диди зебое бахшидааст, бо директори он Зарина Шомадова ҳамсӯҳбат мешавем.
Баъди он ки Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳли кишварро баҳри сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурӣ даъват намуданд, сокинони деҳаи моро ғайрату рӯҳи тоза фаро гирифт. Онҳо ин даъвати ватандӯстонаи Пешвои миллатро аз таъмиру таҷдиди мактаб шурӯъ намуданд, ки он мутаассифона рӯи таъмири асосиро аз соли бунёди худ 1975 надида буд. Сараввал ин ташаббуси некро аҳли хоҷагии деҳқонии «Сабз»-у оилаҳои имкондори деҳа, дар амсоли оилаҳои Шомадовҳо, Иброҳимовҳо, Айниевҳо, Юлдошевҳо ва Абдураҳимовҳо ба даст гирифтанд. Дар ҷараёни таъмири мактаб шогирдони собиқу зодагони деҳа, ки дар шаҳру ноҳияҳои мухталифи кишвар кору зиндагӣ мекунанд, ҳамроҳ гардиданд. Дар давоми ду моҳи таъмир, яъне июл ва август беш аз 100 оилаи деҳа, ба тариқи навбат сохтмончиёнро бо хӯроки гарм таъмин намуданд. Омӯзгорон бошад, дар ҷавоби ин ташаббуси аҳли деҳа, аз баҳри истироҳати рӯзҳои рухсатӣ гузашта, дар қатори сохтмончиён заҳмат кашиданд. Акнун аз ин имконият истифода бурда, ба ҳамаи онҳое, ки мактабро ба қавле умри дубора бахшиданд, изҳори сипос менамоям,- гуфтанд дар поёни сӯҳбат Зарина Шомадова.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code