Маҳфили шеър

Дар муассисаи таълимии Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Кӯлоб бахшида ба 55 -солагии фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, Ҳақназар Ғойиб маҳфили шеър барпо гашт. Роҳбари литсей Пирмурод Сабуров меҳмононро пазироӣ намуда, нақши адабиёт ва сухани волоро дар ҳаёти ҷомеа зарурӣ ва муҳим маънидод намуд.

Шоири халқии Тоҷикистон ба наврасону кудакон шеърҳои ватандустонаи хешро қироат намуда, бо онҳо дар бораи адабиёт, хештаншиносӣ ва ватандорӣ муколама доир намуд. Профессор Зафар Мирзоён, шоир Лутфи Хомӯш зиндагинома ва осори устод Ҳақназар Ғойибро варақгардон намуданд. Бахусус Зафар Мирзоён таъкид дошт, ки бо шинохти Ҳақназар Ғойиб ҳар якфард ба худшиносӣ наздик мегардад. Хонандагони литсей аз осори устод Ҳақназар Ғойиб шеъру таронаҳо суруда, рақсу хурсандӣ намуданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code