Қайдҳо аз машварати назди раис

Санаи 15 октябри соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб маҷлиси назоратии назди раиси шахр баргузор гардид.Нахуст масъалаи рафти амалишавии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013-2020» дар шаҳру деҳоти Кӯлоб мавриди баррасӣ карор дода шуд.
Баъд аз шунидани ахбори ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси шаҳр оид ба масъалаи мазкур раиси шаҳр иброз дошт, ки масъалаи муқовимат бо корупсия яке аз масъалаҳои мубрами рӯз ба ҳисоб рафта зери таваҷчуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Мақсади амалӣ намудани Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар давраи солҳои 2013-2020 ва нақшаи чорабиниҳо дар ин самт мубоиза бар зидди ин падидаи номатлуб буда, тамоми сохторҳои давлатӣ , ташкилоту муассисаҳо , ҷамоатҳои деҳот ва ҳамаи хизматчиёни давлатӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия вазифадор гардидаанд.
Дар муҳокимаи масъалаи мазкур оид ба ҷой доштани камбудиҳо дар рафти амалишавии стратегия дар шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр , кумитаи идораи замин ва ҷамоатҳои деҳот муҳокима гардида , барои пешгирӣ ва бартараф кардани ҳолатҳое, ки ба амалҳои корупсионӣ мебаранд, вазифаҳо муайян шуданд.
Сипас масъалаҳои ҷорӣ , аз ҷумла
-рафти даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб;
-амалишавии амри раиси шаҳри Кӯлоб аз 30 январи соли 2018, №30 «Дар бораи таъсисдодани гурӯҳи корӣ оид ба
бартараф намудани қарзи музди меҳнат дар корхонаҳои коммуналии шаҳр;
-рафти амалишавии қарори раиси шаҳри Кӯлоб а 14 сентябри соли 2018 , №632 «Дар бораи амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо оид ба дастуру супоришҳои Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб;
-рафти иҷрои нақшаи андозҳои давлатӣ ва чораҳои кам кардани бақияпулиҳои андоз дар шаҳу деҳоти Кӯлоб
-ҳолати ҷамоварии маблағҳои ҳақи истифодаи неруи барқ аз тарафи ташкилоту муассисаҳо ва аҳолӣ;
-рафти амалишавии амри раиси шаҳри Кӯлоб аз 11 июни соли 2018, №117 «Дар бораи таъсиси гуруҳҳои корӣ оид ба омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯулоб;
-рафти сохтмони биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ ва таъмини онҳо бо масолеҳи сохтмонӣ;
-ҳолати омодагии муассисаҳои соҳаи маориф ва тандурустӣ дар давраи зимистон;
-рафти таъмиру азнавсозӣ , иҷрои корҳои ободонӣ дар муассисаҳои тандурустии шаҳру деҳоти Кӯлоб;
-ҳолати ҷамоварии маблағҳои ҳақи истифодаи оби техникӣ аз тарафи аҳолӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ;
– ваъи соҳаи саноат , фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, истеҳсоли маҳсулот аз ҷумла маҳсулоти сохтмонӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб ;
-ҳолати тозагии шаҳр ва баровардани партовҳо аз партовгоҳҳои кучаҳои шаҳр;
-рафти иҷрои протоколи маҷлиси назоратии назди раиси шаҳри Кӯлоб аз 8 октябри соли 2018, №34

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code