“Радиои Кӯлоб” рӯи мавҷ баромад

  Рӯзи 14-уми октябр дар шаҳри Кӯлоб, зери унвони «Радиои Кӯлоб», радиои минтақавӣ ба фаъолияти хеш оғоз намуд. Зимни рӯи мавҷ баромадани «Радиои Кӯлоб» Абдуҷаббор Раҳмонов ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Хайрулло Амонулло раиси шаҳри Кӯлоб иштирок намуда, ба аҳли эҷоди ин муассисаи нав барору комёбиҳо орзӯ намуданд. Аз ҷумла Абдуҷаббор Раҳмонов таъкид намуданд, ки аз ин пас сокинони минтақаи Кӯлоб метавонанд аз хизмати ин радио ҳамаҷонибаю босамар истифода намоянд. Дар баробари ин даъват намуд, ки ба кори радио қабл аз ҳама хабарнигорони варзида ва хатмкунандагони факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҷалб карда шаванд.

   Зимни баргузории ҷамъомади тантанавӣ қайд гардид, ки айни ҳол шумораи кормандони эҷодию техникии ин радиои навтаъсис 5 нафарро ташкил менамояд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code