Оғози сохтмони сардхона

          Дар деҳаи Тоқакаппаи ҷамоати деҳоти  Даҳана сохтмони сардхона ва нуқтаҳои  фуруши маҳсулотҳои кишоварзӣ оғоз ёфт.Бинобар иттилои муовини якуми раиси шаҳр Каримзода  Саломуддин дар ин мавзеъ сохтмони 50 нуқтаи фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ  ва сардхонаи замонавӣ дар муддати 45 рӯз ба истифода дода хоҳад шуд. Ёдовар мегардем, ки  қарори раиси шаҳри Кулоб   дар бораи сохтмони иншоотҳои мазкур ба тасвиб расонида шудааст.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code