Вохурӣ бо шоир

   Ҳафтаи гузашта дар муассисаи таълимии Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Кӯлоб бахшида ба 55-солагии фаъолияти  эҷодии Шоири халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон , барандаи  ҷоизаи Абуабдулло Рӯдакӣ  вохурӣ доир карда шуд.

   Дар ин вохурӣ ба ғайр аз устод Ҳақназар Ғоиб   ҳамчунин ховаршинос Зафар Мирзоён , шоирон Хосият Вализода,  Лутфи Хомӯш, Сулаймон Султон, Неъмат Ҳабиб, Ҳуснигул Раҳимзода  иштирок доштанд. Профессор Зафар Мирзоён  машваратро пеш бурда,  ба хонандагон дар бораи шоири халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  маълумот дод. Устод Ҳақназар Ғоиб  асосан дар назди хонандагон шеърҳои ватандустии хешро қироат намуда хонандагонро ба дуст доштани ватани азизамон  даъват намуд.

   Шоирон Хосият Вализода Лутфи Хомӯш, Сулаймон Султон, Неъмат Ҳабиб, Ҳуснигул Раҳимзода дар бораи ҳавои осори  гаронмояи устод  шеърхонӣ намуданд. Хонандону омӯзгорони муассиса аз ин маҳфили шеъру сухан ғизои маънавӣ бардоштанд. Хонандагони муассиса   шеърҳои устодро ифоданок қироат намуда,  аз устодон  аҳсану офарин шуниданд.   Онҳо шеърҳои шогирдонаи хешро дар бораи Ватан ва Пешвои миллат аввалин маротиба  дар назди устодон қироат намуданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code