Ҷамоати деҳоти Зиракӣ дар арафаи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ

            Ҷиҳати омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  дар ҷамоати деҳоти Зиракӣ  корҳои муайяне ба сомон расонида шудааст. Тибқи нақша дар ин ҷамоат таъмиру сохтмон ва азнавсозии  209 адад иншоот ба нақша гирифта шудааст. Аз ин шумора дар соли 2018  86 иншоот дар назар дошта шудааст,ки то имрӯз 48 адади он сохта, таъмиру азнавсозӣ карда шудааст.

              Дар деҳаи Маҳмади Ғаффори ин ҷамоат аллакай 30 адад симчуб барои ивазкунӣ ворид шуда , симчубҳои куҳна ба симчубҳои нав  иваз карда мешаванд. Дар ҳамин деҳа сохтмони бинои сеошёнаи ҳаммом ва коргоҳи даҳонпизишкӣ оғоз гардидааст.

          Дар деҳаи Бахтобод сохтмони мағозаи маҳсулотҳои кишоварзӣ аз тарафи соҳибкор Толибов Абдураҳим идома ёфта истодааст. Дар деҳаи Бахтобод ва Корези поён  сохтмони мактабҳо ба тариқи ҳашар идома ёфта истодааст. Аллакай болопӯши муассисаи таълимии деҳаи Бахтобод ба анҷом расида адовагарии деворҳо  оғоз шудааст.  Тибқи иттилои раиси ҷамоат Ҳусниддин Зардиев муассисаи  деҳаи  Бахтобод  санаи 6 ноябр  ба истифода дода мешавад.

         Дар муассисаи таълимии Корези поён бошад,  сохтмони мактаб идома ёфта истодааст. Корҳои андовагарии дохилу беруни муассиса , тахту ҳамворкунии фарши синфхонаҳо ва насби ноқилҳои барқӣ дар ин муассиса  оғоз ёфтаанд. Ба ғайр аз ин  дар деҳаи мазкур аз тарафи  соҳибкор Холов Ҳакимҷон  сохтмони бунгоҳи тиббӣ идома дошта,   соҳибкор ният дорад  бунгоҳи тиббиро дар моҳи ноябр ба истифода диҳад.

       Дар дигар деҳаҳои ин ҷамоат низ корҳои ободонӣ ва созандагӣ рафта истодааст. Ин ҳама ободкориҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки хурду бузурги ҷамоат  ҷиҳати дар сатҳи олӣ гузаронидани  30-солагии Истиқлоллияти давлатӣ камари ҳиммат бастаанд. 

  Сулаймон Султон

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code