Иди Меҳргон дар шаҳри Кӯлоб

               

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

  Субҳи тозаруйи шаҳри Кӯлобро тантанаи ҷашни Меҳргон боз ҳам муаттар  гардонид. Рӯзи 13 октябр ҷашни бошукӯҳи кишоварзон,  ҷашни Меҳргон дар боғи фарҳангӣ-фарогатии шаҳр  бо иштироки аҳли ҷамоатчигии шаҳр, бахусус кишоварзону боғдорон  ва аҳли заҳмати шаҳру деҳоти Кӯлоб  доир карда шуд.

Раиси шаҳри Кӯлоб, муҳтарам Хайрулло Амонулло,  фаъолон ва  адибону донишмандон нахуст аз намоишгоҳи маҳсулотҳои кишоварзии омоданамудаи ҷамоатҳои деҳот дидан намуданд. Диққати меҳмононро   қуттиҳои асали  асалпарвари ҷамоати Зарбдор  Ҳабибов Шарофиддин  ба худ ҷалб  намуд. Бобои Шарофиддин, ки  100 оила занбури асалро парвариш ва нигоҳубин менамояд, асал ва дигар анвоъи аз асал омодашударо ба тамошо гузошта буд.

Ҳамин тавр дигар ташкилоту муассисаҳои шаҳр низ ба ин иди  бостонии аҷдодӣ  бо омодагии ҳамаҷониба омада буданд. Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ маҳсулотҳои кишоварзии  аз қитъаи замини таҷрибавии  худ ҷамоварӣ  кардаро, ки аз сабзавотҳои сабзиву бодиринг, сирпиёзу помидор, меваҷоти  ноку себ ва хурмову анор иборат буд    ба  тамошо гузошта буданд.

Бахшида ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун  Соли Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ донишҷуёни Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ  аксҳои мавзеъҳои  сайёҳии шаҳру минтақаи  Кӯлобро  ба намоиш гузошта    буданд.

  Коллеҷи тиббии шаҳр дорувориҳои аз гиёҳҳои табиӣ омодашударо  ба маърази дид  гузошта буданд.

Коллеҷи иқтисодӣ- техники ғайридавлатии шаҳри Кӯлоб, литсейи касбӣ техники шаҳри Кӯлоб, муассисаи таҳсилоти иловагии шаҳр ва дигар ҳунармандони чакандӯзи шаҳри  Кӯлоб  ҳар кадом  ҳунарҳои мардумиро  ба намоиш гузошта буданд.

Дар дигар қисмати боғи фарҳангӣ озмуни Оши палав доир карда шуд. Ошпазҳои моҳир  ҳар кадом мехостанд  оши омоданамудаи онҳо ҷойи аввалро ишғол намояд. Дар озмуни Оши палав  Шарифов Бобохон – намояндаи Ширкати истеҳсоливу истифодабарии манзилӣ  соҳиби ҷойи аввал, ошпази бозори «Саховат» Ҳалимов Раҳмоналӣ ҷойи дуюм ва ошпаз Қурбонова Гулнора ҷойи сеюмро ишғол намуданд.

Дар қисмати тантанавии чорабинӣ раиси шаҳри Кӯлоб  муҳтарам Хайрулло Амонулло  ҳозирин  ва кулли сокинони шаҳрро бо Иди Меҳргон таҳният гуфта, ба кишоварзони пешқадам  ва ғолибони озмуни  Оши палав ифтихорнома ва туҳфаҳои  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб супорида шуд.

Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code