Баромади раиси шаҳри Кӯлоб, муҳтарам Хайрулло Амонулло ба муносибати Иди Меҳргон

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Меҳргонро аз ҷашнҳои бостонии тоҷикон ҳисобида чунин  таъкид менамоянд: “Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро,  рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббат таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёнидаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст».

Таҷлили иди Меҳргон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми августи соли 2009 таҳти рақами 538 дар тамоми гӯшаю канори кишварамон ба роҳ монда шудааст ва ҳамасола дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодӣ,   рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосил дар моҳи октябр ҷашн гирифта мешавад.

Дар солшумории ниёгони ориёиямон мо се  иди куҳани миллӣ дорем, ки  акси садои онҳо дар тули ҳазорсолаҳо дар ҷаҳон танинандоз шуда дар идомаи таърих ба худ мазмунҳои оинӣ, ҷанбаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, заминаҳои фарҳангӣ ва ҷаҳоншиносӣ касб кардаанд. Ин ҷашнҳо Меҳргону Сада ва  Наврӯз  мебошанд, ки яке дар тирамоҳ, дигаре дар зимистон ва сеюмӣ дар баҳор  таҷлил мегарданд.

Аз ин рӯ Меҳргону Сада ва  Наврӯз давраҳои калидии як соли комилро ташкил медиҳанд, ки бозтоби сохтории онҳо як давраи комили ҳаёти кайҳониро таҷассум мекунад.

Бостоншиносон низ дар ин росто корҳои ҷолиберо анҷом додаанд ва негораю  ҳайкалчаҳои гуногуни Меҳрро зимни ҳафриёт пайдо намудаанд. Меҳр ба маънои Хуршед барои табиат ва инсон ду неъмати азим – гармию равшаноӣ офарид, ки манбаи асосии зиндагии онҳо ба шумор мерафт.

Муаллифи «Шоҳнома»-и безавол Абулқосим Фирадавсӣ пайдоиши ин ҷашнро ба замони салтанати Фаридун мансуб медонад

Муаллифи «Таърихи Табарӣ» низ пирӯзии Фаридун бар Заҳҳоки моронро, ки дар моҳи меҳру рӯзи меҳр ба вуқӯъ пайваста буд, оғози ҷашни Меҳргон номидааст.

Зеро маҳз Фаридуни пешдодӣ баъди ғалаба бо душмани худ – Заҳҳок, ки ӯ дар таърихи шаҳриёрии пешини мо ҳамчун рамзи зулму залолат, бедодгариву парешонӣ тасвир шудааст, кишти зироати хӯшадор ва бардошти самараи онро ёд дод ва ин иқдоми ӯро муҳаққиқон пирӯзии инсон бар табиат, оғози коркарди замин  номиданд.

— Абурайҳони Берунӣ дар «Осол-ул-боқия» ҷашни Меҳргонро шонздаҳумин рӯзи моҳи Меҳр ба қалам додаст. Дар ин бора Абурайҳони Берунӣ менависад: «Ин мулук аз оғози Меҳргон то сӣ рӯзи тамом барои табақоти мардум, монанди он ки дар Наврӯз гуфта шуд, ид қарор доданд ва барои ҳар табақае панҷ рӯз ид донистанд».

Маълум мегардад, ки дар аҳди Ҳахоманшиниён ва Ашкониён, хусусан дар давраи Сомониён ҷашни Меҳргонро  ба мисли Наврӯз бо шодиву сурур баргузор менамуданд.

Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад. Меҳргон дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодиямон қарор дошта, аз замони дуродури таърих маншаъ мегирад.

Меҳргон мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ ҷашни бахшишу ҳадяҳо буд.

Мардум ба хамдигар тӯҳфаҳо мекарданд,  сарватмандон ба ниёзмандону нодорон кӯмак мерасониданд. Ҳар кас мекӯшид дар иди Меҳргон либоси нав бипушад.

Аз сарчашмаҳои бостонӣ ва ашъори саромадони илму адаб бар меояд, ки дар замони Пешдодиён, Каёниён, Сосониён ва  Сомониён ин ҷашн бо шукӯҳу ҷалоли хоса истиқбол карда мешуд.

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ мардуми Тоҷикистон барои истиқболи санаҳои таърихӣ ва  таҷлили ҷашнҳои ниёгон, ки як замон ба гӯшаи фаромушӣ рафта буданд, аз нав имконияти васеъ пайдо намудаанд, ки истиқболи иди Меҳргон аз ҷумлаи онҳост.

Кӯлоб яке аз шаҳрҳои аграрию саноатии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, ҳиссаи он дар рушди соҳаи иқтисодиёти вилояти Хатлон баланд арзёбӣ мегардад. Дар ин радиф соҳаи кишоварзӣ дар таъмин намудани аҳолии деҳот бо ҷои корӣ нақши муҳим бозида,  40 фоизи аҳолии қобили  меҳнат  дар деҳот зиндагӣ доранд. Бинобар ин, афзалияти аввалиндараҷа барои тараққӣ додани иқтисодиёти шаҳру деҳот рушди соҳаи кишоварзӣ маҳсуб ёфта, соҳаи мазкур барои қисми зиёди аҳолии шаҳр манбаи даромад мебошад.

Соҳаҳои асосии кишоварзии деҳоти шаҳр пахтакорӣ, ғаллакорӣ, боғдорӣ, сабзавоткорӣ, картошкапарварӣ, чорводорӣ, моҳипарварӣ ва кирмакпарварӣ мебошанд.

 Дар шаҳри Кӯлоб 20 адал хоҷагиҳои ёрирасони кишоварзӣ, 6 кооперативҳои истеҳсолии кишоварзӣ ва 2294 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият менамоянд.

Ба хоҷагиҳои деҳқонӣ 7647  гектар заминҳои корам ва 5952 гектар заминҳои корами обӣ вобаста карда шуда, корҳо дар самти таҷдиди хоҷагиҳо дар заминаи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ идома доранд.

Маҷмуи маҳулотҳои кишоварзӣ 155,9 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта, 1,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

 Майдони умумии заминҳо дар марзи маъмурӣ  27562 га замин барои истифода қарор дошта, заминҳои наздиҳавлигӣ 2850 га буда  аз ин 997 га заминхои обӣ мебошад.

Соли равон кишти пахта дар майдони 3000 га гузаронида шуда, нишондиҳандаи дурнамо таъмин гардид. Ҷамъоварии пахта  ба 11 октябр 2545 тонна ё ин ки  40%-ро ташкил дода, ҷамъоварӣ идома дорад. Дар соли равон гарм омадани боду ҳаво ба парвариши пахта таъсири манфӣ расонид.

Бояд қайд кард, ки содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар 800 тонна пешбинӣ шуда, пурра иҷро гардид.

Мавриди зикр аст, ки  дурнамои кишти зироатҳои кишоварзӣ 102 фоиз иҷро гардид. Аз ҷумла ғалладонагиҳо 3359 гектар-104,2 фоиз, сабзавот 1000 га- 100.1 фоиз, картошка 151 га-101,1 фоиз, полезӣ 130 га-100 фоиз иҷро шуда,ки ин  барои таъмини амнияти озуқаворӣ муҳим мебошад.

Ҳосили зироатҳои ғалладонагиҳо 13,1 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам буда, сабаби асосии он дар натиҷаи ҳавои гарм дар заминҳои лалмӣ талаф ёфтани ҳосили гандум мебошад. Ҳосили сабзавот 40 ҳазору 321 тонна, картошка 4 ҳазору 134 тонна, полезӣ 2500 тонна, ангур 742 тонна  ҷамъоварӣ гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

Кишти такрорӣ дар майдони 2291 га гузаронида шуд, барзиёд иҷро гардида дар майдони 2096 га гузаронида шуд.

Дар соҳаи кишоварзӣ саршумори чорвои калони шохдор, гусфанду буз,  парранда ва асп  зиёд гардид.

Аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ дар Ҷамоати деҳоти Кӯлоб сохтмони  фермаи паррандапарварӣ барои 100 ҳазор сар паранда идома дорад.

          Соҳаи моҳипарварӣ рушд ёфта истода,  аз ҳисоби заминҳои санглох 24 хоҷагии моҳипарварӣ, дар майдони 80,35 гектар ташкил карда шудааст. Сайди моҳӣ 105 тоннаро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1,1 тонна зиёд буда, айни замон 159 ҳазор моҳича парвариш  шуда истодааст.  Ҳамзамон ба хоҳишмандон ҷиҳати бунёди ҳавзҳои моҳипарварӣ 76 га замин ҷудо гардида, барои бунёди ҳавзҳо корҳо оғоз шудаанд.

Аз ҷониби муттасадиёни соҳа бояд ба ташкили гармхонаҳои замонавӣ, таъмини бозори истеъмолӣ бо сабзавот ва ғайра диққати ҷиддӣ зоҳир карда шавад.

Сарҷамъӣ ва шодию нишоти мардум дар ҷашни Меҳргон бори дигар моро водор месозад, ки шукронаи тинҷию амонӣ, сулҳу субот ва сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  намоем, зеро дар чунин як фазои осоишта аз суннатҳои таърихии миллат  ёдовар мешавем.

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Ҷашни Меҳргон, иди ҳосилро ба ҳамаи Шумо ҳамватанони азиз табрику таҳният гуфта, орзу мекунам, ки фаровонҳосилӣ дар тамоми гушаву канори Тоҷикистони азиз бошад ва дастархони  мардуми Тоҷикистон пур аз нозу неъмат гардад.

Ид муборак бошад!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code