Омодагӣ ба зимистонгузаронӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб

 

 

 

 

 

 

 

Гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мониторинги қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, №147 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ  барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар   давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019» ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварда, дар ҷараёни санҷиш бо аъзои ситоди шаҳрӣ ҷаласаи корӣ доир намуд.

 Дар ҷаласа муовини раиси шаҳр – сардори ситоди зимистонгузаронӣ баромад намуда қайд кард, ки  бо мақсади  амалишавии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, №147 ва  қарори раиси вилояти Хатлон аз 16 апрели  соли 2018, №95 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар   давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019», қарори раиси шаҳри Кӯлоб аз 18 июни соли  2018, №364 ба тасвиб расида, нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ки аз 22 банд иборат мебошад, тасдиқ гардида, ба масъулини дахлдор ирсол гардид.

Барои таҳти назорати доимӣ қарор додани рафти иҷрои  нақшаи  чорабиниҳо, бо роҳбарии муовини соҳавии раиси шаҳр ситоди доимо-амалкунанда, иборат аз 31 нафар  таъсис дода шудааст.

Бояд қайд кард, ки барои зимистонгузаронӣ дар бозори  “Сахӣ” деҳқонбозор  барои захираи зимистон картошка, пиёз, сабзӣ ва дигар маҳсулотҳо бо нархҳои нисбат ба дигар бозорҳо пасттар захира  гардидааст.  Аз рӯи маълумотҳо ба 01 октябри соли равон  дар бозорҳои шаҳр 450 тонна  сабзавот, аз ҷумла пиёз- 250 тонна, картошка- 180 тонна ва дигар сабзавотҳо  захира намояд. Инчунин дар нуқтаҳои савдо ва анборҳо 1050 тонна орд ва 200 тонна равғани растанӣ  мавҷуд мебошад.

 Дар шаҳр як сардхона барои 150 тонна сабзавот мавҷуд буда, ҳамзамон  дар Ҷамоати деҳоти Даҳана барои 100 тонна сабзавот сохтмони  сардхонаи замонавӣ  оғоз гардидааст.

Айни замон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 29 нуқтаҳои фурӯши гази моеъ, бензин ва сӯзишвории дизелӣ фаъолият доранд. Ғунҷоиши гази моеъ 735 тонна, маҳсулотҳои нафтӣ 720 тоннаро ташкил медиҳад. Ҳамзамон дар анбори ҶДММ “Нафтрасон” зарфҳои ғунҷоишашон 300 тонна барои гази моеъ ва маҳсулотҳои нафтӣ мавҷуд мебошад. Дар шахру деҳот 10 нуқтаи фурӯши ангишт, аз ҷумла фурӯши сайёри ангишт ба роҳ монда шудааст.

Дар соҳаи маориф 913 метри мукааб ҳезум ё 114 фоиз, 1387 литр сӯзишвории дизелӣ ё 100 фоиз захира гардидааст.

Дар соҳаи тандурустӣ, захираи ангишт 68,1 тонна ё 119 фоиз, ҳезум 80 метри мукааб ё 100 фоиз, шишабандӣ 52 метри мураббаъ ё 120 фоиз иҷро гардидааст.

 Бояд қайд намуд, ки муассисаҳои тандурустӣ бо 290 печҳои барқӣ ва  печҳои аловӣ 80 адад ё 100 фоиз таъмин гардидаанд.

Барои таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт дар мавсими  тирамоҳу зимистони солҳои 2018–2019 муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои шаҳр маводи зидди лағжишро ба миқдори 82м3 қум ва 12 тонна намак бояд  захира намояд, тибқи маълумотҳо 94 метри мукааб маводи зиддилағжиш омода шудааст, ки 100 фоизро ташкил медиҳад.  Ҳамагӣ маводи зиддилағжиш бо назардошти бақияи соли гузашта ба миқдори 239 метри мукааб захира гардидааст.  Дар муассисаи мазкур 6 адад автомашина, аз ҷумла 2 боркунаки фронталӣ, 2 автомошинаи ГАЗ 53, автогрейдер, дулан, омодаи кор мебошанд.

Роҳбарияти муассиса  кормандонро бо либоси махсуси зимистона таъмин намуда, барои навбатдорон дар фасли зимистон утоқҳоро омода карда, 5 метри мукааб ҳезум захира намудааст.

 Барои зимистонгузаронӣ бояд 1200 литр сӯзишворӣ захира карда шавад, то  01 октябри  соли равон 1400 л ё 117 фоиз сӯзишворӣ захира гардидааст.

 Корхонаи воҳиди таъмиру барқароркунии роҳҳои автомобилгарди дохилишаҳрӣ 25 метри мукааб маводи зиддилағжиш омода карда, МД “Хоҷагии коммуналӣ”-и назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 3 техника, аз ҷумла як адад Камаз ва ду адад тракторро барои барфтозакунӣ омода намудааст.

 Ба 01 октябри соли равон  тухмии зироатҳои кишоварзӣ 310 тона, аз ҷумла 300 тонна гандум, 10 тонна ҷав  захира гардидааст.

Тибқи нақшаи тасдиқгардида барои зимистонгузаронии чорво бояд 13 фермаи чорвои калон, 5 кашар ва як мурғхона таъмир ва омода карда шуда, 11,6 ҳазор тонна хӯроки дурушт ва 915 тонна хӯроки ширадор захира карда шавад.  Аз рӯи маълумотҳо  13952 тонна  хӯроки дурушт ё 120 %, 1950 тонна хӯроки ширадор, аз ҷумла  силос  ё 293 фоиз захира гардида, ба ҳар як сар чорво 16,7 воҳиди хӯрока рост меояд, ки 122 фоизи нақшаро ташкил додааст.

Барои беҳтар намудани таъмини оби нӯшокии аҳолии кӯчаҳои Хати роҳ ва маҳаллаи М. Раҳимзода юбо дастгирии аҳолӣ  ба 120 хоҷагӣ ба масофаи 1800 м қубури оби нӯшокӣ кашида шуд. Ҳамчунин дар маҳаллаҳои 1 Май, Дӯстӣ, 8-ум, 11-ум, Ҷ. Алӣ аз ҳисоби захираҳои корхона ба масофаи 180 м қубури иловагӣ кашида шуд.

Дар Барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2016-2020 дар шаҳри Кӯлоб лоиҳаи “Барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Кӯлоб” ба маблағи 17,4 млн. доллари америкоӣ, тасдиқ гардида, барои амалишавии он ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ пешниҳод ирсол карда шуда, мавриди баррасӣ қарор дорад.

Аҳолии деҳаҳои Калот, Файзобод, Таниёл ва М.Ғафуров бо оби нӯшокӣ ба тариқи ҳисобкунакҳои обӣ дар давоми 24 соат таъмин мебошанд.

Бояд қайд намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамкорӣ бо  Бонки Рушди Осиё барои таъмини оби нӯшокии деҳаҳои Даҳана, Чинор,Зиракӣ, Хоҷа Исҳоқ лоиҳаи сармоягузориро амалӣ намуда, корҳои заруриро анҷом дода, дар моҳҳои наздик таъмини  аҳолӣ бо оби нӯшокӣ беҳтар мешавад.

Аз рӯи маълумотҳо дар ин давра 35 км шабакаҳои обрасонӣ, 57 км заҳбуру заҳкашҳоро тоза намуда, 20 адад иншоотҳои обтақсимкунӣ, 16 адад обченкунакҳо, 5 адад дастгоҳҳои насосиро таъмир намудааст.

Новобаста аз ин айни замон дар дарёи Ёхсу мавзеъҳои сарбанди каналӣ Ҳукумати нав, деҳахои Лавова, Гулобод, Тоқакаппа, Навобод, Сарёзидашт, Фурудгоҳ, Камбинати хонасозӣ, Минтут ва Чорчашма хавфнок мебошанд.

  Фурӯзонакҳои каммасраф дар ташкилоту муассисаҳо насб гардидаанд.

Ситоди шаҳрии зимистонгузаронӣ ҷиҳати  омода намудани соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти шаҳру деҳоти Кӯлоб барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 чораҳои дахлдорро амалӣ менамояд.

                                                                        Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code