Бинои нави мактаб тавассути кӯмаки саховатмандон

Айни ҳол хонандаҳои синфҳои ибтидоии муассисаи таҳсилоти умумии рақами 36-и деҳаи Бахтободи ҷамоати деҳоти Зиракии ноҳияи Кӯлоб дар бинои кӯҳна,ки дар даврони Шуравӣ  сохта шудааст,   ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Хатмкунандагони собиқи мактаб, саховатмандони деҳа  супориши Пешвои миллатро ҷиҳати  дар   сатҳи зарурӣ гузаронидани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон  сармашқи кор намуда,  дар пайи бунёди бинои нави мактаб гардиданд.   Зимни  шиносоӣ ба кори сохтмон муаллими мактаб Тағаймурод Нурматов,  ки мавсуф вазифаи вакилии деҳаву роҳбарии кори сохтмонро ба ӯҳда доранд, оиди ин амали неки шогирдони собиқу саховатмандони деҳааш гуфтанд:     

-Барои бунёди бинои нави мактаб зарурати фаврӣ ба миён омад. Бо масъулони шаҳру имкондорҳои деҳа оиди бо усули ҳашар  сохтани бино маслиҳат намудем. Корҳои сохтмонӣ оғоз гардид ва тавре мебинед бино дар арафаи анҷомёбист. Корҳои болопӯши бино бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба иҷро расид.   

          Мақсад дорем, биноро дар рӯзҳои наздик ба истифода дода, саҳни мактабро зебову диданӣ  намоем.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code