Армуғони сулҳ

         Дар ҷумҳурии тозаистиқлоламон имрӯзҳо  3000 ташкилотҳои ҷамъиятӣ кору фаъолият намуда истода ҳар кадом дар ободии диёр саҳми худро гузошта истодаанд.

           Яке аз ин ташкилотҳо  Ташкилоти ҷамъиятии «Армуғони сулҳ» мебошад. Ташкилоти ҷамъиятии «Армуғони сулҳ» имрӯз дар бинои  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  бо ҳуҷраи корӣ таъмин карда шуд.         

            Ташкилот ҳамоиши нахустини худро дар ҳуҷраи нави корӣ  бо аъзоён  доир кард. Ташкилоти ҷамъиятии «Армуғони сулҳ» ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ буда, фаъолияти хешро дар ҳудуди ҷумҳурӣ амалӣ мегардонад. Мақсаду вазифаҳои ташкилот мусоидат ба таҳкими сулҳу ваҳдат, ҳалли барномаҳои иҷтимоии Тоҷикистон, мусоидат дар рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, пешгирии хушунати хонаводагӣ, пешгирии шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, мусоидат ба пешрафти маънавии насли наврас, ташкил ва баргузор намудани семинару конфронсҳои илмӣ, мизҳои мудаввар бо даъвати мутахасисони дохиливу хориҷӣ   мебошад. Аъзоёни ташкилот ҳар семоҳа  ҷамъ омада, дар бораи нақшаҳои минбаъдаи хеш сӯҳбат доир менамоянд.                                                               Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code