Идораи шабакаҳои барқ ба зимистон омода мешавад

Фасли сармо қадам ба қадам наздик мешавад. ҶСК Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб дар  давраи ҳисоботӣ барои беҳтар намудани таъмини қувваи барқ ва кам намудани талафоти нерӯи барқ ба аҳолӣ  7 адад тарасформатори иқтидораш  пастро  ба трансформатори иқтидораш баланд иваз карда дар кӯчаю маҳаллаҳои шаҳр  ва деҳаҳо 12 тарасформатори  иловагӣ, аз ҷумла  дар маҳаллаи Ҷ. Расулов, маҳаллаи 8 –ум, маҳаллаи  Чармгарони поён, деҳаҳои Зиракӣ, Андароб ва Зарбдор гузошта шуданд.

  Ҳамчунин 115 адад пояҳои оҳану бетонӣ шинонида шуда, 55 адад тарансформатор таъмир карда шуда, зеристгоҳи барқии 35/ 10кВ аз таъмири асосӣ бароварда шуда, инчунин хатҳои барқии ҳавоии буришашон паст ба баланд дар масофаи 14 км иваз карда шуданд.                                                            

                                                                                                             Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code