Нақши оила дар рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

  Дар толори  маркази фарҳангии ҷавонони  шаҳри Кӯлоб  бо ибтикори Шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, бахши асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Кӯлоб чорабинии   «Нақши оила дар рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» баргузор гардид.

  Қабл аз оғози чорабинӣ намоиши ҳунармандони ҷамоатҳои деҳоти Зиракӣ, Кӯлоб, Даҳана ва Зарбдор ба намоиш гузошта шуд. Диққати меҳмонро нону кулчаҳо, хӯрокҳои миллии фатирмаска, шакароб,  ҳунарҳои  бофандагии ҳунармандони ҷамоати деҳоти Зиракӣ, чакандӯзии ҳунармандони ҷамоати Кӯлоб, ҳунари  хонандаи муассисаи таълимии №23-и ҷамоати Зарбдор, ки бо мусаввараҳо, сабадҳои гул, табиати зинда  ва лоиҳаҳои  омоданамудаи худ диққати ҳозиринро ба худ ҷалб намуд.

Муовини раиси шаҳри Кӯлоб Исмоилзода Саймурод меҳмононро ба шаҳри Кӯлоб хайрамақдам гуфта ба ташкилкунонадаги ин чорабинии муҳим изҳори сипос намуд.

Қайд карда шуд, ки  аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба ривоҷу равнақёбии  сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ такони ҷиддӣ бахшид.

Муовини раиси шаҳри Кӯлоб қайд намуд, ки дар 9 моҳи соли равон 1344 сабти ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли гузашта 117 ҳолат зиёд мебошад. Вале дар шаҳру деҳоти Кӯлоб мутаасифона  зиёдшавии  бекоршавии оилаҳо, 165  ҳолатро ташкил дода,  нисбати соли гузашта 39 ҳолат зиёд мебошад.

Сардори Шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Сафарзода Зиннатбӣ низ аз афзудани бекоршавии оилаҳо, ки дар вилоят 1762 нафарро ташкил додаст изҳори нигаронӣ намуда ба ҷавондухтарон таъкид намуд, ки барои хонадоршавӣ саросема нашуда, аввал касбу ҳунар омухта сипас оила бунёд намоянд.

Ҳамзамон раиси кумитаи ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Валиева С оид  ба ватандӯстиву меҳанпарастӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва  бегонапушӣ  суҳбати хоса доир намуд.

Сипас аъзоёни маҳфили «Эҷод» дар ин ҳамоиш шеърхонӣ намуда,  ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр саҳнаи ҷолиби тарбиявиеро  бахшида ба  оила ва оиладорӣ ба намоиш гузоштанд.

Дар охир аз тарафи  Шуъбаи раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба ғолибони озмуни «Беҳтарин  ҳусни хат» ва ифтихорномаҳо супорида шуд.

                                         Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code