Бунёди корхонаҳои нави саноатӣ дар шаҳри Кӯлоб

Дар шаҳри Кӯлоб  тайи 9-моҳи соли ҷорӣ 2 корхонаи нави саноатӣ ва 14 коргоҳи истеҳсолӣ, аз ҷумла 4-коргоҳи дӯзандагӣ, 8 коргоҳи хишти сементӣ, 1 коргоҳи қаннодӣ, 1 коргоҳи дару тирезаҳои пластикӣ таъсис дода шуд,  ки 121 нафар шаҳрвандонро  бо ҷойи корӣ таъмин карданд.

Боиси қайд аст, ки ҶДММ «Тента Кӯлоб», ки аз фаъолият боз монда буд бо кӯшишу талошҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  ба соҳибкорони чинӣ ба муҳлати 5 сол ба иҷора дода шуда, айни замон корхона бо иқтидори пурра фаъолият намуда, 80 нафарро бо ҷойи кор таъмин ва мабдағи 4,2 млн сомонӣ маҳсулоти ришта истеҳсол кардааст. Маҳсулоти мазкур ба хориҷи кишвар содир карда мешавад.

Корхонаи дигар ин корхонаи истеҳсоли алибастер мебошад, ки аз тарафи Намозов А  дар минтақаи саноатии шаҳр бунёд карда шудааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати рушди саноати шаҳр ҳамарӯза тадбирҳо меандешад. Даъвати  сармоягузори чинӣ Ванг Ҳуа  оид ба  бунёди  корхонаи  нави муштараки насоҷӣ  идомаи ҳамин тадбирҳо мебошад.

                                                           Сулаймон Султон

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code