Кӯшиши кишоварзони Кӯлобӣ мусбӣ арзёбӣ мегардад.

          Соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои асосии иқтисодиёти шаҳру деҳотии Кӯлоб  мансуб меёбад. Дар соҳа ислоҳот бо маром идома дошта, таҷдиди Кооперативи истеҳсолии “Ҳамадонӣ” дар назар дошта шудааст.   Маҷмуи маҳулотҳои кишоварзӣ 155,9 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта, 1,4 миллион сомонӣ зиёд буда, 100,9 фоизро ташкил додааст.

           Соли равон кишти пахта дар майдони 3000 га гузаронида шуда, нишондиҳандаи дурнамо таъмин гардид. Ҷамъоварии пахта  ба 01 октябр 1960 тоннаро ташкил дода, ҷамъоварӣ идома дорад. Дар соли равон гарм омадани боду ҳаво ба нашъунамои пахта таъсири манфӣ расонид.

        Содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар 800 тонна пешбинӣ шуда, тибқи маълумоти фаврӣ иҷро гардида аст.

      Мавриди зикр аст, ки  дурнамои кишти зироатҳои кишоварзӣ 102 фоиз иҷро гардид. Аз ҷумла ғалладонагиҳо 3359 гектар-104,2 фоиз, сабзавот 832 га-100.1 фоиз,  картошка 82 га-102,5 фоиз, полезӣ 95 га-105 фоиз иҷро шуда аст,ки  барои таъмини амнияти озуқаворӣ муҳим мебошад. Мебоист кишти такрорӣ дар майдони 2079 га гузаронида мешуд, ки барзиёд иҷро гардида , дар майдони 2096 га гузаронида шуд.

     Кишти тирамоҳии зироатҳои барвақтӣ аз рӯи маълумотҳои фаврӣ 30 га пиёз гузаронида шуда, кишту кор идома дорад.

             Аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Одинаев Маҳмадсиддиқ дар Ҷамоати деҳоти Кӯлоб сохтмони  фермаи паррандапарварӣ барои 100 ҳазор сар паранда идома дорад.

       Соҳаи моҳипарварӣ низ рушд ёфта истода,  аз ҳисоби заминҳои санглох 24 хоҷагии моҳипарварӣ, дар майдони 80,35 гектар ташкил карда шудааст. Сайди моҳӣ 105 тоннаро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1,1 тонна зиёд буда, айни замон 159 ҳазор моҳича парвариш  шуда истодааст.  Ҳамзамон ба хоҳишмандон ҷиҳати бунёди ҳавзҳои моҳипарварӣ 76 га замин ҷудо гардида, барои бунёди ҳавзҳо корҳо оғоз шудаанд. 

              Барои зимистонгузаронии чорво 13,9 ҳазор хошоки дурушт захира гардидааст, ки 120 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Хӯроки ширадор 2012 тонна захира гардидааст, ки 2,1 маротиба нисбати дурнамо зиёд мебошад.      

                                                                       Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code