Ҳамкориҳо бо ташкилотҳои байналмилалӣ муфиданд

   Дар шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳамкориҳо бо ташкилотҳои байналмилалӣ натиҷаҳои масбӣ ба бор оварда истодааст.  Дар натиҷаи  ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру деҳоти Кӯлоб  бо  Бонки Рушди Осиё барои таъмини оби нӯшокии деҳаҳои  чамоатҳои  Даҳана ва Зиракӣ  лоиҳаи сармоягузориро амалӣ гардида, корҳои зарурӣ асосан анҷом дода шуда, дар моҳҳои наздик таъмини  аҳолӣ  дар деҳаҳои Чинор, Зиракӣ, Хоҷа Исҳоқ  бо оби нӯшокӣ беҳтар мешавад.

  Аз ҷониби намояндагии Ташкилоти байналмилалии Оксфам дар Ҷамоати деҳоти Даҳана як сардхонаи замонавӣ, коргоҳи басту банди сабзавот ва 24 нуқтаи замонавии фурӯши сабзавот оғоз гардидааст, ки 54 нафарро бо кор ҷалб хоҳад намуд.

                                                        Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code