Ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати рушди саноати шаҳр

 

 

 

 

 

 


   Рӯзи 08 октябри соли 2018  раиси шаҳри Кӯлоб як гуруҳи соҳибкорони хитоӣ, аз ҷумла 
профессори Донишгоҳи Донгҳуа  ҷаноби Ванг Ҳуаро бо ҳайати ҳамроҳонаш  ба ҳузур пазируфт.

 Раиси шаҳр ҳангоми вохӯрӣ қайд намуданд, ки тибқи Стратегияи  миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи то соли 2030 бояд Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишвари аграрӣ-саноатӣ ба индустриалӣ-аграрӣ табдил дода шавад. Вобаста ба ин  дар шаҳри Кӯлоб барои рушди саноат чораҳои дахлдор амалӣ гардида истода, тамоми  шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

 Ҳангоми суҳбат бо соҳибкорнои хитоӣ парвариши пахта, бунёди корхонаҳои  коркарди  ниҳоии пахта мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Соҳибкорони хитой оид ба ҳамкорӣ ва ҷудо намудани майдони замин ҷиҳати  парвариши пахта  ва таъсиси корхонаҳои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ таваҷуҳ зоҳир намуданд.

Роҳбарияти шаҳр барои баррасии пешниҳоди соҳибкорони хитой  тибқи муқаррарот чораҳои дахлдорро амалӣ хоҳад намуд.

Вохӯрӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тавоҳум доир гардид.

Бахши бойгонӣ – матбуотӣ

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code