Тантанаи Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

 

 

 

 

Тантанаи умумишаҳрии Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон  Хидирзода Махфират Умар дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ доир гардид.

Раиси шаҳри Кӯлоб, муҳтарам  Хайрулло Амонулло  ҳозиринро ба ин рӯзи  саодати миллат- рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва зодрӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи мардуми сарбаланди шаҳри Кӯлоб   муборакбод намуд.

Аз ҷумла мавсуф  муовини раиси вилоят Хидирзода Махфират Умарро ба шаҳри Кӯлоб хайрамақдам гуфта,   таъкид намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеъбинона таъкид намудаанд: «Таърих гувоҳ аст, ки агар забони миллӣ аз байн равад миллат ҳам дер ё зуд тафаккури миллии худро аз даст дода, оқибат завол меёбад. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як фарди бонангу номус ҳифзу эҳтиром ва гиромӣ доштани забони давлатӣ аст».

Сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он нигаронида шудааст, ки дар баробари ҳифзу нигоҳдошти дигар арзишҳои миллӣ арҷгузорӣ ба забони шевои тоҷикӣ, ва поку беолоиш нигоҳ доштани он яке аз муқаддасоти миллӣ дониста шавад.

Маҳз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раҳонидани миллат аз вартаи нестӣ ба пойдориву устувории забони давлатӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Аз нахустин рӯзҳои фаъолияти сарвариашон таъкид доштанд: «Забони миллӣ симо ва пайкари миллат мебошад».

Имрӯз забони тоҷикӣ сарҳади доманадору шӯҳрати ҷаҳонӣ дорад. Забони модарӣ яке аз рукнҳои муҳимтарини сохтори давлати миллист. Забон робитаи ниҳоят зиндаю зарурӣ, барҷаста ва пайванди наслҳо мебошад, ки ниёгон, муосирон ва ояндагонро ба як воҳиди бузургу ягонаи таърихӣ ба ҳам пайвастааст. Мо имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки ҷашни Рӯзи забони тоҷикӣ ҷашни тоҷикони дунёст.

 Муовини раиси шаҳр  Хидирзода Махфират Умар зимни суханронӣ изҳор дошт,ки таърих собит сохт, ки тоҷик худро аз ҳама гуна таҳоҷумҳо  эмин нигоҳ дошта омадааст. Аввалин маротиба қабул гардидани Қонуни забони  тоҷикӣ  дар солҳои 80-уми асри 20 сару садоҳои зиёдеро ба бор овард. 5-октябри соли 2009 барои мо санаи муҳими таърихӣ ба шумор меравад. Қонуни мазкур бори дигар собит сохт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ба масъалаи ҳифзи забон аҳамияти махсус медиҳад.

 Имрӯз дар кишвар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   амал мекунад, ки барои ҳифзу нигаҳдошт ва тозаву беолоиш нигоҳдоштани он равона карда шудааст. Расул Ғамзатов гуфтааст: “ Агар ман донам,ки забони ман фардо мемирад, ман тайёрам имрӯз бимирам”.

Хидирзода Махфират дар охир таманно намуд,ки  бигузор забони нобу шевои тоҷикӣ аз минбарҳои баланди дунё то абад садо бидиҳад.

Мушовири ректори Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб, профессор  Зафар Мирзоён сайри таърихӣ намуда  шукрона аз он намуд, ки бо вуҷуди  фишору таҳдидҳои саҳронишинони араб, муғул ва турк забони тоҷикӣ пойбарҷо боқӣ мондааст.

Сипас шоирон Ҳақназар Ғойиб, Лутфи Хомуш, Сулаймон Султон, Файзи Ашур ва Нуралӣ  Яъқуб шеърҳои ба забони тоҷикӣ бахшидаи худро қироат намуданд.

Бахши фарҳангии чорабинӣ ҳуввияти миллӣ, дуст доштани  забони тоҷикӣ  эҳтиром ва арҷгузорӣ ба фарҳанги миллии тоҷикро   дар мегирифт.

Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

 

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code