Сохтмони хонаи баландошёна дар шаҳри Кӯлоб

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Точикистон оид ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳри Кӯлоб бунёди 860 иншоотҳои гуногун  ба нақша гирифта шудааст.

Дар маҳаллаи Сангак Сафарови шаҳри Кӯлоб аз тарафи соҳибкор Акрамов Алишер дар майдони 0,1944 га  тибқи лоиҳаи тасдиқгардида, ки намои  меъмории шарқиро доро мебошад, сохтмони   иншооти  бинои баландошёнаи манзили  истиқоматӣ,  маркази савдо ва хизматрасонии дорои 104 ҳуҷра  оғоз гардидааст. Хонаҳои истиқоматӣ  аз 1,  2 ва   3 ҳуҷра  иборат мебошанд.

Иншооти мазкур то таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода супорида мешавад .

Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code