Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру деҳоти Кӯлоб дар 9 моҳи соли 2018

 

 

 

 

 

 

 

  Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  ҷамъбасти натиҷаҳои руши  иҷтимоию иқтисоидии шаҳи Кӯлоб бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират Умар ва вакилони шаҳри Кӯлоб доир карда шуд.

  Дар ҷамъбаст муовини якум, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раис, роҳбарони раёсатҳо, мудирони  шуъбаю  бахшҳои дастгоҳи раис, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарону ташкилоту муассисаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони муассисаҳои таълимию томактабӣ, тандурустӣ, ташкилотҳои ҷамъиятию  сиёсӣ,  раисони маҳаллаҳо, сардорони як қатор хоҷагиҳои деҳқонӣ,  имомхатибони масҷидҳо ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.

Исмоилзода Саймурод Бурҳон- муовини раиси шаҳри Кӯлоб оид ба  ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодӣ иҷтимоию иқтисодии шаҳрро   баррасӣ намуд .

Муовини раиси шаҳри Кӯлоб  Ҳафизов Пулод  аз рӯи муҳокимаи масъала  оид ба корҳои анҷомдодашуда дар соҳаи сохтмон, аз ҷумла оид ба иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб  баромад намуд.

Аз рӯи муҳокимаи масъала мудири шуъбаи кор бо  занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Хушвахтова Бибинур оид ба риояи либоси миллӣ ва ҷудошавии оилаҳо дар давраи ҳисоботӣ баромад намуд.

Раиси ҷамоати деҳоти Зиракӣ Зардиев Ҳусниддин оид ба фаъолияти ҷамоат аз ҷумла дар самти кишоварзӣ маълумот дод.

Муовини раиси вилояти Хатлон баромад намуда оид ба ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар соҳаи рушди иҷтимоӣ, аз ҷумла ба бар кардани либоси бегона, ҷудошавии оилаҳо,риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо»,   шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ  масъалагузорӣ намуда, супоришҳои мушаххас дод.

Бо назардошти таклифу пешниҳодҳои музокирачиён лоиҳаи қарори раиси шаҳри Кӯлоб қабул карда шуд.

Бахши бойгонӣ- матбуотӣ 

 

 

 

 

 

 

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code