Бунёди муассисаи таълимӣ ба тариқи ҳашар

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

   Имрӯз  дар деҳаи Таниёли ҷамоати деҳоти Даҳана бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб, фаъолон ва меҳмонон  муассисаи нави таълимӣ  ба истифода дода шуд.

   Дар расми ифтитоҳи  чорабинӣ раиси шаҳр Хайрулло Амонулло, пирони рӯзгордидаи  деҳа, омӯзгорон, адибони кулобӣ  баромад намуда ҳар кадом аз иқдомоти созандаи Пешвои миллат, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  изҳори сипос ва миннатдорӣ намуданд.

   Зимни баромадҳо қайд карда шуд, ки ҷамоати деҳоти Даҳана  яке аз ҷамоатҳои калонтарини шаҳри Кӯлоб ба ҳисоб рафта, ҳиссаи он дар рушди иқтисодиёти шаҳри Кӯлоб хеле калон  арзёбӣ мегардад.

    Дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб  вобаста ба сазовор таҷлил намудани  30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон корҳои бунёдкориву созандагӣ   оғоз ёфтаанд.  Дар ин ҷамоат  сохтмони 2 дорухона, 2 бунгоҳи тиббӣ, 1 ҳаммом,  2 кошонаи ҳусн,  2 сартарошхона, 2 варзишгоҳ, 2 сехи дузандагӣ, 1 нонвойхона, нуқтаи таъмири техникаи кишоварзӣ, 1 сехи коркарди шир ва равған , ки дар маҷмуъ  16 ададро ташкил мекунанд,  идома дорад.

    То таҷлили ин ҷашни бошукӯҳ бошандагони ҷамоати Даҳана  тасмим доранд,ки 179 иншоотҳои гуногунро сохта ба истифода диҳанд.

   Сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо менамояд, ки ба илму маориф бо масъулияти баланд муносибат намуда, ба он таваҷчуҳи хос зоҳир намоем. Чунки инкишофи ҷомеа, тараққиёти устувори иқтисодӣ, таъмини амнияти милливу давлатӣ ва умуман, ноил шудан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисод, техника, технология ва илму фарҳанг пеш аз ҳама ба рушди босуботи маориф, ташкили раванди бонизом ва босифати таҳсилот вобаста мебошад.

   Бар замми он ки дар ҷамоат литсейи касбӣ- техникии саноату кишоварзӣ- аграрӣ,  10 муассисаи таълимӣ  1 боғчаи томактабӣ ба таълиму тарбияи насли наврас равона шудаанд.

     Дар деҳаи Тоқакапаи Ҷамоати деҳоти Даҳана, ки 118 оила зиндагӣ мекунад,    ба воситаи ҳашар ва дастгирии  сокинони саховатпешаи ҷамоат як муассисаи таълимии барҳаво, ки аз  4  синфхона иборат аст, сохта ба истифода дода шуд. Муассисаи мазкур  имконият фароҳам меорад,ки  178 кудак, ки пештар масофаи 4 км роҳро паймуда ба муассисаи таълимии №17 мерасиданд  ба таълиму тарбия фаро гирифта шавад. Масъулин ният доранд,ки дар солҳои минбаъда муассисаи мазкурро ба муассисаи таълимии 9-сола табдил диҳанд.

   Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб минбаъд низ  кӯшиш менамояд, ки бо ҷалби аҳолӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ  бунёди чунин муассисаҳои таълимиро  бештар намоянд.

                                                                            Сулаймон Султон

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code