ТОҶИКИСТОН – САРЗАМИНИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРМАНДӢ

Дар доираи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар деҳаи Гулободи ҷамоати деҳоти Даҳана бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ва дигар шахсони расмӣ баргузор гардид.

Зимни суханронии худ Валиева Саъбагул қайд кард, ки дар асл Тоҷикистон сарзамини сайёҳӣ ва ҳунармандӣ мебошад. Ва эълон шудани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз тарафи Пешвои миллат аз як тараф мавзеҳои сайёҳии кишварамон ободу зеботар гардида, аз тарафи дигар барои эҳё ва зиндагардонидани ҳунарҳои хонагӣ, густариш додани урфу одат ва анъанаҳои неки ниёгонамон ва дар ин замина бедор кардани завқи мардум ба ҳунарҳои дастӣ, ҷалбнамудани ҷавонон ва занҳои хонашин ба истеҳсолоти хонагӣ мусоидат намуд.

Инчунин, таъкид гардид, ки барои инсони боҳунар аз ҳама чизи гарон ва муқадас ин ҳунари волояш  мебошад, зеро аз рӯи ҳунараш дар байни ҷомеа эҳтироми хоса дошта ва дар обидиву пешравии ватани худ ,бо ҳунари дастон ва омӯзонидани ҳунари худ ба шогирдон саҳми арзанда мегузорад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code