Гиёҳи сухан ба кӯҳи дониш

Ба Нушинравон гуфтанд дар Ҳиндӯстон кӯҳест ва бар он кӯҳ гиёҳе, ки мурдаро зинда мекунад. Маълум шуд, ки он кӯҳ дониш ва он гиёҳ сухан аст; Гиёҳи сухан бар кӯҳи дониш.

 

Он чи ёдовариаш зарурӣ ба назар мерасад ин аст, ки солҳои ахир бархе аз ҳамдиёрони ба тафсири гузаштаи сухани тоҷикӣ роҳ ёфта, аз сари бегонагӣ ба гузаштаи қавми хеш иддао доранд, ки забони форсии тоҷикӣ дар асрҳои IХ – Х мелодӣ пайдо шудааст ва зуҳуру ташаккули он ба замони сомониён ва шеъри Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сурат гирифтааст. Чунин иддаоро гурӯҳе ба истилоҳ, «урапатроиотҳо», яъне тоҷикпарастони кӯтоҳандеш пешниҳод кардаанд, ки аз ҳақиқати мантиқиву таърихӣ дур аст. Агар чунинҳо панҷоҳ ҳазор байти «Шоҳнома» ро борикбинона бихонанду жарфтар андеша кунанд, шояд ба натиҷае расида тавонанд, ки забони садсолаву дусадсола ҳаргиз ба чунин баёни эҳсосот ва андешаҳои жарфу зебоии ашъор қудрат надорад. Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, дар «Шоҳнома» барои баёни моҳиронаи ботафсили (хронологии) таърих, ҷузъиёти ойини давлатдориву лашкардорӣ, шукӯҳи шоҳаншаҳону шаҳомати силаҳшӯрон, саҳнаҳои базму разм, моҷароҳои ошиқонаву кинхоҳии паҳлавонон, маросимҳои мотамсароиву шугуфоии фарҳанги эронинажодон, тафсири ҷуғрофиёи таърихии кишварҳо ва як силсила масъалаҳои борику печидаи милливу илмиву фаннӣ, ғолибан аз дурҷи пургавҳари забони тоҷикӣ вожаҳои сараеро ба риштаи назми диловезу шево кашидааст. Ва ин ҳама дар рӯзгороне сурат мегирифт, ки халифаҳои Бағдод, бо як тасмими қатъӣ дар пайи аз байн бурдани забони тоҷикӣ – форсӣ буданд. (Дар қаламрави дигари хилофати араб, аз ҷумла Миср, Ироқ, Сурия, Либия ва чанде аз музофоти дигари ғайриараб, забонҳои таҳҷоиро аз байн бурда, забонашонро арабӣ сохта буданд.) Халифаҳо чун диданд, ки забони тоҷикӣ – форсӣ ниҳоят тавоно аст, бо дасти туркони ба ҳукуматронӣ роҳ ёфта, амру фармонҳо мебароварданд, ки фалон вожаи форсиро бо фалон вожаи арабӣ иваз кунанд. Ва бояд гуфт то андозае ба ҳадафи худ расиданд.

Бад – он сон ки дар «Таърихи Байҳақӣ» омадааст  Аҳмад бинни Ҳасани Маймандӣ,  вазири Султон Маҳмуд ва писараш Масъуд дастур дод номаҳои девони расоилро, ки дар замони Абулъаббоси Исфароинӣ (вазири пешина) ба порсӣ менивиштанд, ба арабӣ бинвисанд.  Дар тарҷумаи “Таърихи Яминӣ” шарҳи ин моҷаро чунин омадааст: «Вазир Абулъаббос [-и Исфароинӣ] дар саноъати дабирӣ бизоъате надошт ва ба муморасати қалам ва мадороти адаб иртиёз наёфта буд ва дар аҳди ӯ мактуботи девон ба порсӣ нақл мекарданд ва бозори фазл косид шуда буд ва арбоби балоғату бароъатро равнақ рафта ва олиму ҷоҳил ва фозилу мафзул дар мартабат мутасовӣ гашта. Ва чун вазорат ба фазлу фазоили Шайх Ҷалил ороста шуд, кавкаби китобат аз маҳовии ҳубут ба авҷи шараф расид ва гули фазоил ва маъсир ба боди қабул шукуфта шуд ва рухсораи фазлу адаб ба макони тарбияти ӯ барафрӯхт ва бифармуд, то куттоби давлат аз порсӣ иҷтиноб намоянд ва бар қоъидаи маъҳуди маноширу амсила ва мухотабот ба тозӣ нивисанд, магар ҷое ки мухотаб аз маърифати арабият ва фаҳми он қосир ва оҷиз бошад. Ва амсилаву тавқеъоти ӯ дар ақтори ҷаҳон чун наводири амсол ва шавориди ашъор мунташир шуд ва забонҳо ба таҳсини ибороту тазйини ишороти ӯ равон гашт ва афозили олам ба назму наср дар итроъи мадҳ ва шукри аворифу мавоҳиби ӯ дебочаи саҳоиф бингоштанд ва чун андалеб дар равзаи аёдии ӯ ба наво даромаданд.»

Дар ин матн ҷамъи калимаҳои арабӣ бидуни ҷонишинҳо ва пайвандакҳо 124 ададро ташкил медиҳад.

Аз ҷумла:

  • Калимаҳои арабӣ – 80 адад
  • Калимаҳои форсӣ – 44 адад

Чуноне ба чашм мехӯрад аз роҳи воридшавии вожаҳои бешумори арабӣ ва душворгӯӣ ва дарозгӯии хоси арабӣ, забони тоҷикӣ гирифтори ошуфтагиҳое гардид, ба гӯишгаронаш бегонаву ноошно.

Бад – ин тартиб насри тоҷикӣ – форсӣ, ки дар асрҳои XI – XII (агар бо фоиз ҳисоб карда шавад), панҷ дарсад (5%) вожаҳои арабӣ надошт, дар нимаи дуввуми асри XII аз панҷоҳ дар сад (50%) ҳам гузашт ва дар асрҳои XIII –XIV – XV шумораи вожаҳои арабӣ ба ҳаштод дар сад (80%) расид.

Бояд ёдовар шуд, ки пас аз истилои араб, дар замони ҳукуматрониҳои турктаборони гуногунқабила, вожаҳои бешумори туркӣ ба забони тоҷикӣ ворид шуданд. Ва пас аз Инқилоби Октябр, дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ вожаҳои зиёди русӣ ва ба истилоҳ интернатсионалистӣ ба забони тоҷикӣ ҷой гирифтанд. Илова бар ин як идда адибону ходимони давлативу маъмурии музофотгаро  талош варзиданд аз шеваи гуфтори  музофотии худ вожаҳои нозебо ва бегонаеро ба забони адабии тоҷикӣ ворид созанд.

Аммо имрӯз, ки хушбахтона соҳиби истиқлолияти давлатӣ мебошем ва Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як шахсияти барҷастаи миллатсоз мебошанд ва пайваста ба покии забони тоҷикӣ таъкиду ишораҳо мекунанд, намедонем чӣ балое боз сади роҳи забондоронамон гаштааст, ки вожаҳо ва таркибҳои ноҳанҷореро фаровон ба кор бурда, ба навои сухани тоҷикӣ осеб мерасонанд. Чуноне ки ба ҷойи  «сипас» – баъдан, ба ҷойи садсола (ё ҳамон вожаи мулоимтари арабии «аср») «қарн» гуфтан, ба ҷойи шунидан, шунуфтан «истимоъ фармудан», ба ҷойи истодан «таваққуф кардан», ба ҷойи дар шигифт мондан,«таҳайюр кардан» ва монанди онро ба кор мебаранд.

Забони тоҷикии асил ба худ як мусиқие дорад ва ҷой додани дурусту моҳиронаи овозҳо, нағмаи ҳарфҳоро ба миён меоварад. Албатта риоя кардани навои сухан дар забони тоҷикӣ маънии бо қофия сухан гуфтанро надорад ва ба ҳамнишин сохтани вожаҳо далолат мекунад.

Яке аз бартариҳои забони тоҷикӣ дар нисбат бо забонҳои дигар ин аст, ки забони мо гуфтори хашену дағалро намепазирад ва гӯяндагонаш бо як осонӣ, бидуни аз ҳалқ, нӯки забон, ё  аз роҳи фишурдани гулӯ, ё фишор овардан ба ком ва ё дар даҳон таркиши хурде эҷод кардан, овоҳоро берун мебароваранд. Чуноне ки дар дастаи забонҳои сомӣ, аз ҳалқ овоҳои «ъ» (ع  -айн), «ح – ҳе»….., дар забони англисӣ овоҳои бо фишори нӯки забон «the» ( 𝛅 – зе), ва гирд кардани лабон «w» (w – уве), дар забонҳои гурӯҳи славянӣ овоҳои «ы» (и), «ц» (тс) ва монанди он, бо душвориҳои муайяни талаффузї, берун бароварда мешаванд.

Забони тоҷикиро кас гумон мекунад, ки гӯё дар осмонҳо офарида, ба гӯяндагонаш фиристода бошанд. Дар ин забони аҳуроӣ ҳар овое ҷойи худро дошта, дар корбасти вожаҳо ва ҷой кардани маънӣ, нақши вижа доранд. Ҳамон гуна ки овои «о» бештар дар вожаҳое ба кор бурда шудаанд, ки баёнгари эҳсосоти баланд, ба сони ниёиши худованд, савганд хӯрдан, шефтагӣ, парешониву дуову сӯгворӣ ва ё ситоишу офарин хондану арҷгузорӣ кардан мебошанд. Чунончи: додор, офаридгор, кирдигор, бодо, мамонод:

                            Ки «Шоҳо, далеро, гаво, сарваро!

Сарафроз шерову кундоваро!»

(Аз дуои Фарангис ба Сиёвуш, «Шоҳнома», ҷ. III, с. 217)

Ва ё овоҳои «ж», «з», «г», «ғ», «р», «ш»  дар вожаҳое бошиддат ифода мегарданд, ки ҷангу пархош, норозӣ будан ва ноосудагии гӯяндаро ифода карда, созандаи калимаҳои бозгӯкунандаи матонат ва иродаи тавонои гӯянда низ мебошанд.  Ба сони «дижам», «ҷанг», «занг», «ғирев», «ғавғо», «нажанд»……  Ҳамон гуна ки дар ин байти «Шоҳнома», Ҳаким Фирдавсӣ ғазаби ҷаҳонпаҳлавонро бо вожаҳое барчидааст,  ки овои бошиддати «р» баёнгари он аст:

                            Бар ин теғи ҳиндӣ бибуррам сарат,

                            Бигиряд ба ту ҷавшану миғфаррат.

(«Шоҳнома», ҷ. I, с. 100)

Ончуноне дида мешавад, офаринишгарони сухан тавонистаанд ҳарфҳову вожаҳоро чунон канори ҳам шинонда ҳамнишин кунанд, ки ҳамоҳангии вожаҳо баёнгари мазмуни он гаштааст, яъне лафзу маънӣ бо ҳам созгор омадаанд. Аммо ҳангоме ки талаффузи вожаҳои тоҷикиро аз забони ноогоҳони навои сухан мешунавем, гаҳе пай мебарем, ки иддае ба шеваи дурусти баён аҳамияти боиста намедиҳанд ва иддаи дигаре худро аз омӯзиши гуфтори дуруст ба канор мебаранд. Хондани бархе вожаҳо ғайритабии ва нодуруст ба гӯш мерасанд. Талаффузи асили тоҷикиро, масалан аз роҳи ифодаи овоҳои «л» и русӣ, ё «ҳ» ва «ъ» (айн) и арабӣ олуда месозанд. (Ба сони ифодаи русимонанди «каЛон» ва арабигунаи «маЪориф»…) Гузашта аз ин калимаҳое, ки дар хати форсӣ бо ҳарфи ع  (айн)  оғоз меёбанд, бархеҳо мепиндоранд, ки бо илова кардани ҳарфи ъ (аломати сакта), он ифодаро пурра хоҳанд сохт. Ба монанди ъориф, ъолим…) Аммо бояд донист, ки забони тоҷикӣ ба ҳеҷ гуна талаффузҳои русӣ ва тозӣ ниёзе надорад.

Забони давлатӣ аз тарафи Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нигаҳбонӣ мешавад, вале дар баробари ин ғамхориҳо моро мебояд табъу завқи забондониамонро боз ҳам боло бибарем. Боясти барои ифодаи ҳар ово, ҳар навои сухани адабии тоҷикӣ кӯшид ва мебояд дар ин варта нақди адабиро ривоҷ дод. Боварӣ дорем, ки ривоҷи нақди адабӣ нигоҳи моро метавонад тезбин ва кунҷков карда, дар роҳи беҳсозии гуфтори ҳамвандонамон ва раҳонидани забони адабӣ аз ошуфтагиҳо нақши созандае хоҳад дошт.

Зафар Мирзоён, мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдак

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code