Мелод муборак Мавзунаи Кӯлобӣ

Чориева Мавзуна Ғоибназаровна 1 октябри соли 1992 дар шаҳри Кӯлоб чорумин духтари оила ба дунё омад вале ӯ барои падараш мисли писар буд. Ҳамин аст, ки ӯро аз синни 6 солагӣ ба толори варзишӣ меорад. Маҳз ҳидоят ва дастгирии падар Мавзуна ро ба варзиш дилгарм намуда то қуллаҳои баланд расонд. Мавзуна аввалин духтарест, ки аз варзишӣ бокс Тоҷикистонро муаррифӣ кард.
Кӯдакии Мавзуна на ба бозиҳои кўдакӣ балки бо машқу тамрин ва саргармӣ ҳадафҳои пирӯзшавӣ сипарӣ шудааст. Ӯ ҳамеша боксро дӯст дошт ва муваффақ гашт. Бо вуҷуди тамринҳои пайваста дар Тоҷикистон Мавзуна Чориева барои беҳтар гардонидани малаки варзишияш як муддат ба Федератсияи Россия  сафар намуда, чандин бор ҳарифони худро ҳайрон кард.
       Ин ҷавондухтари муштзан дорандаи унвонҳои чанд карат қаҳрамони Тоҷикистон ҷоизадори мусобиқаҳои байниминтақавӣ дар Россия, беҳтарин варзишгари Осиё дар соли 2010, қаҳрамони Осиё дар соли 2010. Номзад барои рохат дар бозиҳои олимпии Лондон дар соли 2012. мебошад.
     Мавзуна Чориева баъди талошҳои 12 солаи худ ба комёбии бузург ноил мегардад ва ягона орзуи падар ва ҳам Тоҷикистониёнро, ки парафшон намудани парчами Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ буд амалӣ намуд.
     Вақте Мавзуна Чориева дар тан чакани тоҷикона парчами миллӣ дар даст вориди майдони олимпӣ гардид ҳама Тоҷикистониён ҳамагӣ бо ифтихор таҳсинаш мехонанд. Ҳамон лаҳзаҳо ҳатто нафароне, ки дар гузашта ба нерӯи бозуи ин гулдухтари муштзан бовар надоштанд ва барои аз варзиш дилсард карданаш суханҳои нозеб мегуфтанд иқрор шуданд, ки воқеан Мавзуна тавонист исбот намояд, ки бонуи тоҷик аз дигарон бартарӣ дорад

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code