Боздид аз шаҳри Хиросимаи Япония

3 октябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорчӯбаи сафари расмӣ ба Япония вориди шаҳри Хиросима шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хиросима меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми ҳукумати шаҳри Хиросима гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Сафари расмии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хиросима оғоз гардида, дар шаҳрҳои Киото ва Токиои Япония идома меёбад.

Дар шаҳри Хиросима Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтироми баланд ва самимӣ ба таъриху тамаддуни мардуми Япония дар “Боғи ёдбуди сулҳ” дар зери Муҷассамаи ёдбуди қурбониёни бомбаи ҳастаӣ гулчанбар гузоштанд.

Хиросима яке аз шаҳрҳои муосири Япония ба шумор рафта, дар ҷазираи Хонсю ҷойгир аст. 6 августи соли 1945 дар рӯзҳои анҷоми ҷанги дуюми ҷаҳонӣ баъди партофтани бомбаи атомӣ шаҳр пурра хароб гардид. Барои гиромидошти қурбониёни ин шаҳр ва ба хотири фоҷеаи пурдаҳшат дар ин ҷо “Боғи ёдбуди сулҳ” бунёд гардид. Дар як гушаи боғ харобаҳои “Гумбази Гэмбаку”, ки дар вақти таркиш як қисми он боқӣ мондааст, то имрӯз нигоҳ дошта шудааст. Атрофи муҷассама макони сайру гашти сокинону меҳмонон мебошад.

Соли 1996 “Гумбази Гэмбаку” ба феҳристи Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил карда шуд.

Дар ҳудуди “Боғи ёдбуди сулҳ” ҳамчунин осорхонаи ёдгории сулҳи Хиросима мавҷуд аст, ки дар он муҷассамаҳо ва бисёр дигар нигораҳо барои гиромидошти хотираи қурбониёни фоҷеаи соли 1945 ҷамъоварӣ гардидааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди гузоштани гулчанбар дар назди ёдгории қурбониёни фоҷеа ва пас аз шиносоӣ бо осорхона дар китоби меҳмонони фахрӣ соядаст гузошта, ба роҳбарияти осорхона ҳамчун рамзи эҳтиром туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.

Дар маросими гулчанбаргузорӣ Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси шаҳри Хиросима Казуми Матсуӣ ва Директори Осорхонаи ёдгории сулҳи Хиросима Кенҷи Шига ҳамроҳӣ карданд.

Ин боздиди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз “Боғи ёдгории сулҳ” нишонаи олии башардӯстӣ ва гиромидошти қурбониёни истифодаи силоҳи қатли ом мебошад.

 

Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистону Беларус Эмомалӣ Раҳмон ва Александр

Рӯзи 29-уми сентябри соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода бо фаъолияти Хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.

Сарони ду давлат аз вазъи феълии ангурбоғи хоҷагӣ, ки дар маҷмӯъ 500 гектарро ташкил медиҳад, дидан намуда, бо кормандони он аз наздик суҳбат карданд.

“Боғи Сомон” яке аз калонтарин хоҷагиҳои ангурпарвари мамлакат ба шумор рафта, кормандони он таҷрибаи бойи нигоҳубини ток ва парвариши ангурро соҳибанд. Аз ин ҷост, ки соли 2017 Хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” беш аз 5 ҳазор тонна маҳсулот ҷамъоварӣ намуда, ҳамин тавр дар таъмини бозори дохилии мамлакат бо ангури хушсифат ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар саҳм гузошт.

Айни замон дар заминҳои хоҷагӣ 7 намуди ангур, аз ҷумла “Ҳусайнии сиёҳу сафед”, “Ғалаба”, “Шоҳона”, “Пешпазак”, “Кишмиши сиёҳу сафед” парвариш карда мешавад, ки тибқи нишондодҳо, имсол нисбат ба солҳои қаблӣ ҳосили бештар дорад.

Хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” баробари парвариши васеи навъу намудҳои гуногуни ангур, инчунин ба парвариши чорвои калону майда низ машғул аст. Айни ҳол хоҷагӣ 4 ҳазор сар чорвои хурд ва бештар аз 100 сар чорвои калони шохдорро дар ихтиёр дорад.

Хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2008 ташкил ёфта, айни замон 1100 нафар саҳмдор дорад. Барои парвариш ва нигоҳубини ангур хоҷагӣ дорои таҷрибаи бой корӣ ва шароити мусоид буда, чанд рӯз қабл бо оғоз гардидани фаъолияти сардхонаи нав, иқтидори нигоҳдошти маҳсулот дар ин хоҷагӣ ба 2 ҳазор тонна расонида шуд. Акнун имкониятҳои нигоҳдошти маҳсулот ва захираи он дар хоҷагӣ зиёд шуда, онҳо метавонанд қариб дар ҳамаи фаслҳои сол бозорҳои кишварро бо меваю сабзавоти худӣ таъмин намоянд.

Дар ҳудуди хоҷагии деҳқонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар номгӯи маҳсулоти ғизоӣ, ки аслан аз ангур омода мешаванд, дидан намуданд.

Аҳли заҳмат навъҳои гуногуни ангурро, ки дар шаҳри Турсунзода парвариш меёбанд, ба намоиш гузоштанд. Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки Турсунзода яке аз минтақаҳои асосии ангурпарварӣ дар Тоҷикистон маҳсуб ёфта, танҳо дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов 312 хоҷагии хурд ва 2 хоҷагии бузурги ангурпарвар фаъолият доранд, ки саҳми онҳо дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулот ва баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат чашмрас мебошад.

Иброз гардид, ки дар бозорҳои хориҷи кишвар низ талабот ба ангури Тоҷикистон зиёд аст. Хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” ҳамасола навъҳои гуногуни ангурро ба Ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон ва Федератсияи Россия содирот мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко зимни суҳбату боздид ба кори хоҷагии мазкур баҳои баланд дода, барои густариши фаъолияти минбаъда, ба роҳ мондани ҳамкориҳои нав, бахусус бо хоҷагиҳои Ҷумҳурии Беларус дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

 

Мулоқот бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

  Сипас кори Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии кишварҳои аъзо ва меҳмонони ҳамоиш ҷараён гирифт.

Дар кори ҷаласа масъалаҳои ҳамкории кишварҳо дар доираи Иттиҳод, натиҷаи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳод ва мавзуъҳои асосии дигар, аз қабили қабули таъмини амният ва чораҷӯии фаврӣ бар зидди таҳдидҳои глобалӣ, аз қабили терроризм ва экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва паҳншавии ғайриқонунии силоҳ, ҳалли мушкилоти масъалаҳо оид ба таъмини амният дар қисми ҷанубии Иттиҳод, интихоби раёсати Иттиҳод дар соли 2019 ва дигар мавзуъҳои муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ баррасӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки дар давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф, сиёсати ҷавонон, тандурустӣ, варзиш ва сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Дар ин давра бо ҷонибдории кишварҳои аъзои Иттиҳод бастаи калони санадҳо омода шуда, барои рушди шарикии гуманитарӣ қарорҳои дахлдор қабал гардид.

Дар ҷараёни ҷаласа сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба натиҷаҳои раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳод, барои дар сатҳи баланд ташкил кардани Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳод ва пазироию меҳмоннавозии самимӣ, баҳои баланд доданд.  

Дар кори ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчунин Раиси Кумитаи иҷроия-котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев, Раиси Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федеролии Россия Валентина Матвиенко, Намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Россия оид ба ҳамкории байналмилалии фарҳангӣ, ҳамраиси Фонди ҳамкории гуманитарии давлатҳои аъзои ИДМ Михаил Швидкой иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар интиҳои кори Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қарорҳо оид ба

Дар бораи Конвенсияи ИДМ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тадқиқот ва истифодаи фазои кайҳон бо мақсади сулҳ;

Дар бораи омодагӣ ба таҷлили 75 – солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941-1945;

Изҳороти сарони давлатҳои аъзлои Иттиҳоди Давлатҳои Мутттаҳид ба муносибати 70-солагии қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон;

Дар бораи соли 2021 татбиқ кардани Барномаи байнидавлатии “Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Дар бораи эълони соли 2021 ҳамчун “Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ” дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;

Дар бораи Барномаи байнидавлатии тадбирҳои муштараки мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар солҳои 2019-2023;

Дар бораи Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар самти мубориза бар зидди ҷинояткории соҳаи технологияҳои иттилоотӣ;

Дар бораи ворид кардани тағйирот дар Низомномаи Шӯрои вазирони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;

Дар бораи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи Маркази зиддитеррористии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;

Дар бораи роҳбари Маркази зиддитеррористии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;

Дар бораи Раиси Кумитаи ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ дар назди Шӯрои вазирони мудофиаи Маркази зиддитеррористии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;

Дар бораи Изҳороти сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба Бозии ҷаҳонии кӯчнишинҳо; 

Дар бораи Изҳороти сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба муносибати 90 – солагии Чингиз Айтматов, қабул гардид.

Ҳамчунин қарор карда шуд, ки ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2019 дар шаҳри Ашхободи Туркманистон баргузор гардад.

Дар бораи натиҷаҳои кори Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Кумитаи иҷроия-котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон изҳорот доданд.

 

 

 

=-=-=-=-=-=-=-=-=-=-=-=-=-=-=-=-=-=-=-=-=-=-=-=-=-=-=-=-=-=-=-=-=-=-=-=-=-=-=-=-=-=-=-=

 

Имрӯз дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқоти самимию созанда масъалаҳои таъмиқи ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлати дӯсту бародари Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, имкони дидору мулоқотро дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, омили муҳими таконбахши робитаҳои анъанавии мардумон арзёбӣ карданд.

Таъкид гардид, ки мо ба сатҳи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ бо ҳамсояи наздик ва кишвари бародари Ӯзбекистон афзалияти бештар медиҳем.

Дар як муддати кутоҳ бо иродаи қавии сарони давлатҳо ва хоҳишу талошҳои мардумони ҷумҳуриҳо маҷмуъи мушкилоти ҳалталаб аз байн бардошта шуд.

Сарони давлатҳо сафарҳои давлатии ҷавобии худро ба кишварҳои якдигар, натиҷагирӣ карда, аз раванди татбиқи санадҳои зимни сафарҳо имзошуда, бартараф намудани мушкилоти мавҷуда изҳори қаноатмандӣ карданд.

Таъкид гардид, ки ҳадафҳои созандаи сарони давлатҳо, аз ҷумла масъалаи сохтмони ду неругоҳ дар болои дарёи Зарафшон, таъсиси филиали ширкати “Артел” дар Тоҷикистон ва дигар иқдомоти нек ба манфиати мардумони тоҷику ӯзбек равона гардидааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки таҳияву татбиқи лоиҳаҳо ва тавсеаи ҳамкории бахшҳои тиҷорату иқтисод, муносибатҳои фарҳангию гуманитарӣ байни кишварҳо таҳти назорати бевоситаи Сарвари давлати Тоҷикистон қарор дорад ва барои баҳрабардорӣ аз тамоми имкониятҳои истифоданашуда тадбирҳои мушаххас амалӣ мегардад. Барои татбиқи ин ҳадафҳо заминаи мусоиди ҳуқуқию қарордодӣ, захираҳои моддӣ ва нерӯи инсонӣ, анъанаҳои накуи таърихии дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ мавҷуд аст.

Дар охир изҳори умед карда шуд, ки ҷонибҳо бо талошҳои муштарак ба масъалаи ҳалли мушкилот ва рушди бемайлони муносибатҳои ҳамкорӣ ноил мегарданд.

_______________________________________________________________________________________________________________________________________________________________

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузориши Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Ҷамшед Аҳмадзода шунида шуд.

Таъкид гардид, ки мақсади таҳияи лоиҳаи қарори мазкур такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи меъморӣ ва сохтмон, боз ҳам беҳтар кардани пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ, инчунин мукаммал ва мушаххас намудани муқаррароти моддаҳои дахлдори Кодекси шаҳрсозӣ мебошад.

Сипас дар кори маҷлис баъди муҳоқима шаш хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”, “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот”, Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттилоотонӣ”, Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Аъзои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин лоиҳаҳои як қатор қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба рӯзномаи маҷлиси навбатии ҳукумат шомил гардида буд, баррасӣ карда, оид ба татбиқи онҳо қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Дар анҷоми кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои саривақтии масъалаҳои дар маҷлис баррасишуда, инчунин дигар дастурҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд.

Дастурҳои мушаххас оид ба омодагии ҳамаи бахшҳои хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла соҳаҳои иҷтимоӣ ба давраи зимистони солҳои 2018-2019, дар сатҳи зарурӣ гузаронидани маъракаи зимистонгузаронӣ, омодагии пурраи бахшҳои энергетика, марказҳои барқу гармидиҳӣ, нақлиёт, захираи маводи озуқаворӣ дар минтақаҳои дурдасти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои минтақаи Рашт, захираи хӯрок ва беталаф баровардани чорво аз зимистон, истифодаи самараноки чарогоҳҳо дода шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки барои иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тадбирҳои мушаххас андешида, аз натиҷааш ҳисобот манзур намоянд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code