Ҳашари умумишаҳрӣ

 

 

 

 

 

 

 

    Бо мақсади сазовор таҷлил намудани  30-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардида, тибқи он  корҳои ободониву созандагӣ  вусъат ёфта,  ҳашарҳои дастҷамъона ҳар ҳафта  дар кӯчаю маҳалла, деҳаҳо ва ташкилоту муассисаҳо гузаронида шуда истодааст.

  Рӯзи якшанбе, санаи 30-юми сентябр  бо ифтихори баланди ватандорӣ зиёда аз 6-  ҳазор  нафар кормандони  ташкилоту муассисаҳои шаҳриву минтақавӣ, донишҷуёну омӯзгорони  Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ, коллеҷҳои тиббиву омӯзгорӣ, литсейҳо, муассисаҳои таълимии шаҳр ва сокинони кӯчаю  маҳаллаҳо  ба ҳашари умумишаҳрӣ баромаданд.

  Ҳашарчиён боғи марказии шаҳрро  аз алафҳои бегона тоза намуда, гулу буттаҳо ва дарахтони ороиширо ба тартиб дароварда, гулгаштҳоро нарм намуданд.

Ҳамчунин дар нади биноҳои маъмурии ташкилоту муассисаҳо марказҳои савдо  ва бозорҳо низ корҳои ободонӣ ба анҷом расонида шуданд.

Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code