Туй болои туй


 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

   

    Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ , Пешвои миллат имрӯзҳо   саросари ҷумҳуриро  ҷашну шодӣ ва  фараҳу  тантанаҳои фарҳангӣ фаро гирифтааст.

   Дар театри мусиқӣ- мазҳакаи шаҳри Кӯлоб  санаи  29 сентябр ду чорабинии муҳташам, кушодашавии 80-умин мавсими театрӣ ва чашни Рӯзи  Ҷалолиддини Балхӣ  бо шаъну шукӯҳи беандоза зиёд  таҷлил гашт.

     Ҳунармандони театри мусиқӣ- мазҳакаи шаҳри Кӯлоб   меҳмононро бо порчаҳои саҳнаҳои театрии «Нури маърифат»,-и Раҳмоналӣ Одинаев,  «Туй дар хуррамдара»,бахшида ба 80-солагии театр аз рӯи асари Сафармуҳаммад Аюбӣ дар таҳияи Раҳмоналӣ Одинаев,  намоишномаи «Шоҳин»-и Сафармуҳаммад  Аюбӣ,  «Гирдоби зиндагӣ»-и Муродалӣ Набиев, «Солори Ачам»-и Файзи Ашӯр ва суруду рақсҳои дилошуби ҳунармандони театр истиқболи гарму самимӣ гирифтанд.

    Таҷлили чорабинии Рӯзи Ҷалолиддини Балҳӣ   низ  дар саҳнаи театр  диданӣ ва ҷолибу хотирмон  буд. Пас анҷоми қисмати тантанавии чорабинӣ  сурудхонии  Нурулло Холов, рақси самоъи ансамбли «Фалак» ва дар ҳавои суруди роҳбари театр Мустафои Ватан рақсидани ҳунарманди  шоистаи Тоҷикистон Маҳмадӣ Абдурасулов, ки солиёни зиёд дар ин театр ҳамчун устоди рақс кору фаъолият намуда ба табрики ҳамкорони хеш омадааст, то дер гоҳ  дар ёдҳо боқӣ хоҳад монд.

                                                                                                                                                          Сулаймон Султон

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code