Табрикоти раиси шаҳри Кўлоб, муҳтарам Хайрулло Амонулло дар Рӯзи Ҷалолиддини Балхӣ

Ҳамватанони гиромӣ!            

           Таҷлили ҷашни Ҷалолиддини Балхӣ  барои ҳамаи онҳое, ки аз тамаддуни ҳазорсолаҳои  миллати худ ифтихор доранд, тантанаи  фазлу хирад, одаму одамгарӣ, рӯҳи баланду ношикаст ва таъби саршор аз илоҳиёти сухани аршист. Мусаллам аст, ки дар таърихи  навини Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни  «Рӯзи Ҷалолиддини Балхӣ» низ чун  дигар ҷашнҳои таърихӣ   бо ному фаъолияти пурсамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон  пайванди ногусастанӣ дорад.

        Бо дарназардошти хизматҳои таърихии Ҷалолиддини Балхӣ дар рушди адабиёту фарҳанги халқҳои ҷаҳон, нақши мероси адабию илмии ӯ дар тарбияи насли наврас дар рӯҳи хештаншиносӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мо ҳамасола 30 сентябр зодрӯзи ин мутафаккири барҷаста, орифи бузургро ҷашн мегирем.  Мавлонои Балхӣ шеърнависиро  аз 30-солагиаш шурӯъ карда бошад ҳам  беш аз 70 ҳазор мисраи шеърӣ эҷод карда, аз рӯи осори ба нашр расидааш яке аз сермаҳсултарин шоирони Машриқзамин маҳсуб мешавад.

          Ин аст, ки соли 2007-ум аз ҷониби ЮНЕСКО 800-солагии Мавлоно эълон шуд ва он на танҳо дар мамлакати мо, балки дар бисёр кишварҳои олам ба таври пуршукуҳ таҷлил гардид.         Мавлоно мисли Рӯдакӣ, Фирдавсӣ,  Носири Хусрав ва дигар суханварони бузурги шеъру адаби мо ба арзишҳои умумибашарӣ эҳтиром мегузошт ва онҳоро дар осораш ситоиш мекард. Зимнан бояд гуфт, ки дар даврони истиқлолият ва хусусан, пас аз ҷашни 800 – солагии Мавлоно дар кишвари мо мавлавишиносӣ суръати тоза касб кард. Олимону донишмандони тоҷик доир ба рӯзгору осори Мавлоно рисолаву китобҳои зиёде ба табъ расониданд. Дар як муддати кӯтоҳ «Маснавии маънавӣ», «Девони Кабир» ва дигар осори  ӯ аз чоп баромаданд.        Ба шарафи 800-солагии ин нобиғаи бузурги ҷаҳони андешаву сухан дар яке аз ноҳияҳои Вахшонзамин муҷассамаи ӯ гузошта шуд ва ин ноҳия номи «Ҷалолиддини Балхӣ»-ро гирифт Чакидаҳои қалами сеҳрнигори Мавлоно Ҷалолиддин шӯҳрат ва аҳамияти ҷаҳонии адабиёти тоҷикро боз ҳам афзунтар ва ангезаҳои рӯҳонии тамаддуни башариро боз ҳам рангинтару ғанитар гардондааст.  Ин аст, ки Мавлонои Рум дар тӯли асрҳо маҳбубу мақбули ҷаҳониён будааст ва имрӯз низ ин мартабаи ӯ кам не, балки ба маротиб боло рафтааст, ки баргузории ин рӯз бо ҳидояти Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ифодагари ин маънии ба забон овардаи мо мебошад. Чунончи таърих шаҳодат медиҳад Мавлоно шоҳиди ваҳшатафканиву хунрезиҳои Чингиз буда, асри худро асри ваҳшату хатар номидааст. Дар ин ваҳшатҳои  Чингиз  Мавлоно фарозу фурудҳои фаровонеро дида аст.  Ҷойи шаку шубҳа нест,ки тоҷикон қадимтарин сокинони муқимии ориёнажоди Осиёи миёнаанд ва забону адабиёти онҳо дар ин сарзамин таърихи ниҳоят қадим дошта, аз қаъри асрҳои пешин ибтидо мегирад. Адабиёти тоҷик дар замони Сомониён чи қадар ривоҷ дошта бошад, дар замони Чингиз низ ривоҷ ёфтааст. Пас меълум мешавад, ки чингизиён низ натавонистаанд ба адабиёти бузурги мо таъсире расонанд. Мавлоно ин арзишҳоро дар инсонҳо  аз тариқи сухан нигоҳ медошт. Ӯ инсонҳоро ба сӯи ишқу ростӣ, муҳаббат, камоли маънавӣ даъват мекард. Ӯ ҳамеша меомӯхт, ҷӯстуҷу мекард ва дар тарақии ишқ худро камол мебахшид. Дар ҳаёти маънавии Мавлоно ин таҳаввулоти бузурги руҳонӣ пас аз мулоқоти ӯ ба Шамс рух медиҳад. Дар робита бо ин рухдод ахбору ҳикояҳои мухталиф вуҷуд дорад. Аммо пеш аз ҳама ҳарфҳои худи Мавлоно далели ин гуфтаҳост:

Зохид будам таронагӯям кардӣ, Сарфитнаи базми бодахӯям кардӣ,

Саҷчоданишини бовиқоре будам, Бозичаи кудакони куям кардӣ.

      Шиносоӣ бо ин марди соҳибиродаву маҳкамақида, ки ба расмиёти динию мазҳабӣ  рӯйрост бо чашми ибрату озодаандешии маънавӣ менигарист ва ҷозибаи умумиҷаҳонии ишқро асоси ҳастӣ ва сармояи зиндагӣ мешуморид, боиси табаддулоти куллӣ дар омолу ақида ва инқилоби ҷиддӣ дар ботину зоҳири Мавлоно гардид.  Ин марди наҷибу хирадмандро шоир ба тамоми ҳастиаш мепарастид ва ақидаҳои ӯро пайравӣ мекард.  Аз ҳамин сабаб аст, ки баъди марги Шамси Табрезӣ, Ҷалолиддини Румӣ номи устод ва пешвои рӯҳониашро дар асарҳояш боқӣ мегузорад, яъне девони ғазалиёт  ва қасоиди худро Девони Шамси Табрезӣ, меномад.    Маҳз диди муҳаббат ба инсон буд, ки Мавлоно аз равиши суннатҳо бар мегардад ва ба шеър, ки гуфтани он аз нигоҳи бархе танъ буд, рӯй меоварад. Ин марди бузург медонист,ки сухани манзум беҳтарин васила аст  барои баёни ҳис, андеша ва маърифат . Чунин аст, ки Мавлоно дар осори худ пайваста  аз инсону мартабаи он мегӯяд. Мавлоно он касеро марди комил медонад,ки соҳибкасб асту меҳнат мекунад:   

            Гар таваккал мекунӣ дар кор кун,

            Касб кун,  пас такя бар ҷаббор кун.

Ҳамзамон Мавлоно мехоҳад, ки инсон ба инсон душманӣ надошта бошад, бухлу кина наварзад, рӯҳи худро аз бадиву шар тоза нигоҳ бидорад, дустиро пеша карда, дилҳоро аз ғаразҳо биполояд.                      Биё то қадри якдигар бидонем,

        Ки то ногаҳ зи якдигар намонем.

        Бузургию манзалати Мавлоно дар он зоҳир мегардад, ки  ӯ инсонро бузургтарин мӯъҷизаи офариниш мешуморад ва ягонагию иттифоқ ва иттиҳоду ҳамбастагии онҳоро талқин ва тарғиб менамояд.  Барои ӯ инсон новобаста аз нажод, дин, миллат, хоҳ сиёҳпусту хоҳ сафедпуст,  яҳудию ҳиндӣ, насронию мусулмон ҳамчун инсон яксон мартаба дорад:

 Пас забони маҳрамӣ худ дигар аст,

Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст.

          Ӯ ободии олам ва осоишу, камолоти маънавии инсонро дар ҳамдиливу сулҳу оштӣ, баробарию бародарӣ ва меҳру муҳаббати тамоми ҷаҳониён медид.Ба ақидаи Мавлоно меҳру муҳаббат қодир аст ҳамаро дигаргун намояд.

Аз муҳаббат хорҳо гул мешавад,

Аз муҳаббат сиркаҳо мул мешаванд

Аз муҳаббат талхҳо ширин шавад,

Аз муҳаббат мисҳо заррин шавад. 

     Чунин ба мушоҳида мерасад, ки мушкилоти асосии инсон дар ҷаҳони гузашта ва ҷаҳони муосир дар роҳи ба худшиносии воқеӣ расидан ин роҳро то ба шоҳроҳ нарасондан, яъне мондан дар нимароҳ будааст. Вале Мавлоно инсонро дилпур менамояд, ки барои ба ин мурод расидан дар вуҷуди ҳар як шахс ҷавҳарест, ки агар ин истеъдодро бедор карда тавонад, барои ӯ рози худшиносӣ комилан кушода ва ошкор мегардад. Худи ҳамин ғояе, ки инсонро барои худшиносияш дилпур месозад, ғояе мебошад, ки дар роҳи инсонсозии инсонҳо аз муҳимтарин ҷиҳат ба шумор меравад. Мероси адабии Ҷалолиддини Румӣ хеле пурсарват ва рангоранг аст.  Он асосан назму насрро ташкил медиҳад. Ҳарчанд ки асарҳои адиб «Фиҳи мо фиҳӣ» ва «Мавоизи Маҷолиси Саъба» ва «Мактубот»-и ӯ аз ҳар ваҷҳ барои инсон судбахш ва пурфоидаанд, вале шӯҳрати ҷаҳони Ҷалолиддини Румӣ асосан бо «Маснавии маънавӣ» ва «Девони Кабир» ё «Куллиёти Шамс» вобастагӣ дорад. «Куллиёти Шамс» асосан аз ғазалу қасида ва рубоӣ иборат мебошад.      Дар сурудани ғазал ва қасидаҳои ишқия Ҷалолиддини Румӣ сабку салиқаи махсусе дорад.      Шубҳае нест, ки бештар аз ғазалҳои дилошӯб ва диққатангези Мавлоно дар маҷлисҳои рақсу самоъ, кафзанию пойкӯбӣ, дар зери навҳаи тарабангези дафу чангу рубоб, дар сӯҳбати дӯстони мувофиқ суруда шудаанд. Аз ин ҷост, ки аз онҳо ҳамеша нағмаи зиндагӣ, сурур ва тарабу хушӣ ба гӯшу ҳуш мерасад.  Шояд аз ҳамин ҷост, ки аксари ғазалҳои ӯ ҷанбаи ғаноӣ ва мусиқӣ доранд.          

    Мо дар ин лаҳзаи муборак рӯзи ин нобиғаи рӯзгорро қайд карда, аз он ифтихор дорем, ки ӯ тоҷик аст ва ҳамчун фарзанди ин миллат сатҳи фарҳангии миллиро мартабаи ҷаҳонӣ бахшидааст. Мо ин лаҳзаҳо ӯро дар тасаввури хеш зинда эҳсос мекунем ва аз каломи ӯ чун зинда овоз мешунавем:             Чи гӯям: мурда будам бе ту алҳақ,  

           Худо аз нав дигар бор офаридам.

            Бимон, то дасту поятро бибӯсам,   

          Бидеҳ идона, к-имрӯз аст идам.

        Воқеан, имрӯз иди Мавлоност ва ӯ бо насли ҳурматшиноси хеш якбора зинда мешавад Бале, имрӯз  ҳам Мавлоно чун ҳамроҳи хирадманди мо бо садои абадзиндааш аз меҳр мегӯяд, ки чашми ту бо мо қобили биниш мешавад. Ин биниш биниши ботинист, ки ба Ишқ тааллуқ дорад ва ин Ишқ ҳамаро фарогир аст, ки сифати хоси ашъори ин нобиға мебошад. Ва мо ба Шумо мегӯем, ки бо ишқ бошед то ҳамрози хаёти ҷовидонӣ гардед. Бо ишқ бошед, то чун меросдори осори Мавлавӣ зиндагии мо пур аз рақси самоъ ва хуррамиҳои ишқи зиндагисоз бошад. Бори дигар Шуморо ба ин рӯзе, ки рӯзи Ишқ асту садоқати Мавлавии бузург табрик мегӯям ва ба ҳамаатон саодатмандии бепоёни рӯзгорро  таманно менамоям.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code