КОРРУПСИЯ МЕТАВОНАД ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРИРО БА ФАЛАҶШАВӢ ОВАРДА РАСОНАД

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Технолог» бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ доир карда шуд.

Валиева Саъбагул – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, муовини аввали раиси шаҳри Кӯлоб Каримзода Саломудин ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

         Зимни ин мулоқот оид ба масъалаи пешгирии коррупсия дар байни ҷомеа изҳори андеша гардид, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро масъалаи коррупсия хеле ба ташвиш овардааст. Аз ҷониби  созмонҳои байналмилали низ нисбати ин зуҳуроти номатлуб қарору қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии  мухталиф  ба тавсиб расидааст.

Инчнунин, гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, нисбати чунин масъалаҳо истисно нест. Зеро бо ташабуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, якқатор корҳо ба аҷом расиданд, аз ҷумла  як сохторе бо номи  Агентии давлатии молиявии мубориза зидди коррупсия ташкил шуд, ки дар мубориза алайҳи амалҳои коррупсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаолияти пурсамар дорад. Зеро коррупсия метавонад ҳама пояҳои давлатро ба фалаҷшавӣ оварда расонад ва боварии мардумро нисбати ҳама мақоматҳои давлатӣ коҳиш диҳад. 

Дар ин росто таъкид шуд, ки моро зарур аст дар якҷоягӣ пайваста нисбати ин вабо муборизаро пурзур намоем.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code