Баррасии лоиҳаи идоракунии ҳавзаи дарёи Панҷ

         

 

 

 

 

 

    Санаи 28 сентябр дар меҳмонхонаи «Чанор»-и шаҳри Кӯлоб семинар машварат дар мавзуи «Баррасии лоиҳаи идоракунии ҳавзаи дарёи Панҷ» доир гардид. Дар семинар намояндагони Вазорати энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон, муовинон ва намояндагони  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Кӯлоб,  вилояти Хатлон, Вилояти Мухтори кӯҳистони  Бадахшон,  намояндагони сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ва намояндагони лоиҳаи  идоракунии захираҳои  оби дарёи Панҷ ба воситаи ҳавзҳои сунъӣ , намояндагон ва кормандони Муассисаҳои обу корези шаҳр ва минтақаи  Кӯлоб, Корхонаҳои обу канализатсияи  шаҳр намояндагони муассисаи Назорати давлатии санитарӣ дар минтақаи Кӯлоб ширкат намуданд.  

     Дар машаварат муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон  Султон Раҳимзода, Рустам Абдуллоев-  сармутахасиси сиёсати рушди илм ва техникии  идоракунии Вазорати саноат ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Муколамаи идоракунии захираҳои обӣ ва рушди ҳавзаи   дарёи Панҷ», Султон Қурбонов муовини роҳбари гурӯҳи  мушовирони лоиҳа  дор бораи «Лоиҳаи идоракунӣ ва захираҳои обии ҳавзаи дарёи Панҷ», Шафтолу Саидмирзоев  аъзои гурӯҳи кории лоиҳа  дар мавзуи  Фаъолияти гурӯҳи корӣ  оид ба дарёи Панҷ, Гордон Стренджер  эксперти лоиҳа оид ба  обу ҳаво ва иқлим , Стивен Парсонс эксперти идоракунии лоиҳа  маъруза  намуданд. Зимни муҳокимаҳо маълум гардид, ки тибқи фармоиши Вазорати энергетика ва захираҳои обӣ ва маблагузории Фонди осиёии рушд ва Фонди ҷопонии мубориза ба мукобили  қаҳтӣ    то соли 2021  банақшагирии  ҳамгироёнаи захираҳои обӣ   ва рушди ҳавзаи дарёи Панҷ дар назар дошта шудааст.  

         Дар ҳамин замина то шаҳри Кӯлоб овардани дарёи Панҷ  ба нақша гирифта шудааст.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code