Ҷараёни таъмири роҳҳои дохили шаҳр

         Дар шаҳри Кӯлоб  дар соли 2018 таъмирии ҷории   168650 м 2  таъмири ҷории роҳхои  дохилӣ ба нақша гирифта шудааст.  Дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ рехтани канораҳо ва корҳои бетонии роҳравҳо дар ҳаҷми 313 м2 , таъмири зинароҳ  ва ду ҷубори  бетонӣ дар масофаи 354 м 2 гузаронида шуда, дар масофаи 300 м 2 қабати болоии роҳ бетонпӯш кардашудааст. Дар маҳаллаи Борбад  таъмири таҳкурсии роҳҳо бо сангреза ва қум дар масофаи 246 метр2  ва дар маҳаллаи Даминзода дар масофаи 520 метр 2 гузаронида шуд. То ин дам дар маҳаллаҳои Исмоили Сомонӣ , 1-Май,  Пушкин, Ҳамадонӣ, Шамсиддин Шоҳин , Дустӣ , Даминзода, Хати роҳ, Ҳувайдуллоев , Сино,  дар масофаи 11,5 км таъмир гузаронида шудааст. Сафеду  сиёҳкунии монеаҳои канори роҳ  дар хиёбони Исмоили Сомонӣ масоҳати 934 метри 2  дар бар мегирад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code