ТАҚВИЯТБАХШИИ ФАЪОЛИЯТИ ГУРӮҲИ КОРӢ

Имрӯзҳо дар саросари кишвар мардуми сарбаланд ва меҳнатқарини Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон камари ҳиммат баста, тамоми нерӯи худро баҳри ободии Ватан равона карда истодаанд.

Бо ин мақсад дар шаҳри Кӯлоб низ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, сокинонро барои созандагию ободонӣ ҷалб карда мешванд.

Вобаста ба ин дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб аъзои гурӯҳи корӣ дар ҷамоати деҳоти Кӯлоб зери роҳбарии бевоситаи Валиева Саъбагул – роҳбари гурӯҳ мулоқот доир гардид.

Зимни он бори дигар ба аъзои гурӯҳ вазифаҳо муайяну мушаххас гардида, дар ин самт дастурҳо дода шуданд. Инчунин, аз ҷониби роҳбари гурӯҳ таъкид шуд, ки фаъолияти худро доир ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Сарвари давлат тақвият бахшида, бо дарки масъулияти баланди Ватандорӣ корро дар ин самт ҷонноктар намоянд

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code