Қайдҳо аз машварати назоратӣ

  Санаи 24 сентябри соли 2018 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб маҷлиси назоратии назди раиси шаҳр баргузор гардид. Дар маҷлис «Ахбороти раиси комиссияи ҷамъиятӣ оид ба тақсимоти замини наздиҳавлигӣ ба шаҳрвандон, аз ҷумла ба ҷавононе, ки ихтиёри ба  сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии саварбар карда шуданд» маврии баррасӣ қарор дода шуд.

  Қайд карда шуд, ки дар асоси қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ҷудо гардидани замини ба фонди манзил, таъмин намудани шаҳрвандони эҳтиёҷманди шаҳри Кӯлоб бо қитъаҳои замини назиҳавлигӣ бо дастгирии бевоситаи Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардидааст.

  Ҳамазамон аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Кӯлоб барои ба таври шафоф тақсимоти қитъаи замини наздиҳавлигӣ тадбирҳои амалӣ андешида шуда истодааст. Инчунин ба як қатор оилаҳои эҳтиёҷманд, ки фарзандони онҳо ба таври ихтиёрӣ  ба хизмати ҳарбӣ сафарбар шуданд, бо мақсади ҳавасмангардонӣ ва дастгирӣ бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин карда шуданд.

         Сипас масъалаҳои ҷорӣ, аз ҷумла

-рафти  омодагӣ ба таҷлили намудани  Рӯзӣ Мавлоно  Ҷалолиддини Балхӣ  дар шаҳри Кӯлоб (29-сентябр);

  -рафти амалишавии қарори раиси шаҳри Кӯлоб аз 14 сентябри соли 2018, №632 «Дар бораи амалӣ намудани Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб»

      -рафти иҷрои нақшаи супоридани пахта аз тарафи хоҷагиҳои деҳқонӣ

       –омодагӣ ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ

       -ҳолати ҷамъоварии маблағҳои ҳаққи истифодаи нерӯи барқ аз тарафи ташкилоту муассисаҳо ва аҳолӣ;

      -рафти амалишавии амри раиси шаҳри Кӯлоб аз 11 июни соли 2018, №117 «Дар бораи таъсиси гуруҳҳои корӣ оиди омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб:

-рафти сохтмони биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ;

-ҳолати духти либосҳои мактабӣ дар шаҳр;

-рафти таъмиру азнавсозӣ, иҷрои корҳои ободонӣ дар муассисаҳои тандурустии шаҳру деҳоти Кӯлоб;

-бартараф намудани қарзи музди меҳнат;

-рафти иҷрои нақшаи андозҳои давлатӣ ва чораҳои кам кардани бақияпулиҳои андоз;

-фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва ҳолати истеҳсоли маҳсулот;

-ҳолати тозагии шаҳр ва баровардани партовҳо аз партовгоҳҳои  кӯчаҳои шаҳр; мавриди баррасӣ қарор дода шуда, гузоришҳои шахсони масъул шунида шуда, қарорҳои дахлдор қабул гарида, вазифаҳо муайян карда шуданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code